Гузаронидани семинари омузишӣ барои рӯзноманигорон ва кормандони ВАО

Апрел 27
14:16 2017

Имрӯз 27 апрели соли равон дар толори Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии Иммунопрофилактика» -и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷуиҳурии Тоҷикистон  семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар Камолзода Мирхамуддин  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Раҳматуллоев сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мутахасисони соҳаву намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Ҳадафи семинар баланд бардоштани фаҳмиш ва дониши рӯзноманигорон ва кормандони ВАО дар бораи ваксинахо, тақвими миллии иммунизатсия ва пешгирии бемориҳои ба воситаи ваксинаҳо идорашаванда ҳамчунин огоҳ намудани рӯзноманигорон ва кормандони ВАО дар бораи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба гузаронидани маъракаи миллии иммунизацияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон маънидод мегардад.

Рӯзҳои миллии иммунизатсия бар зидди бемории сурхча ва гулафшон таи рӯзҳои 15 – 25  майи соли ҷорӣ гузаронида мешавад.

Дар кори чорабинӣ зарурати гузаронидани иммунизатсия миёни кудакону наврасони ҷомеаи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 257
  • 260
  • 85,299