Давоми се соли оянда дар мамлакат беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ бунёд карда мешаванд-бардошт аз Паёми Пешвои миллат

Давоми се соли оянда дар мамлакат беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ бунёд карда мешаванд-бардошт аз Паёми Пешвои миллат
Январ 02
07:01 2019

Мардуми вилояти Суғд  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 26 декабри соли равон ирсол гардид, хуш истиқбол гирифта, онро сармашқ ва роҳнамо барои рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ менамоянд.  Оид ба бардошти худ аз Паёми имсолаи Президенти мамлакат узви Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, номзади илмҳои тиб, сартабиби Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд Шоира БУЗРУКОВА   зимни суҳбат ба АМИТ «Ховар» андешаҳояшро чунин иброз намудааст:   

-Воқеан ҳам Паёми ҳамасолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад. Дар Паёми навбатие, ки 26 декабр манзури Парлумони кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, дастовардҳои солҳои охири мамлакат, аз ҷумла соли 2018 ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, афзалиятҳои сиёсати минбаъда бори дигар мушаххас баён гардиданд.

Ман Паёми имсолаи Сарвари давлатро бо хушнудӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ қабул намудам. Воқеан ҳам, Пешвои миллат зимни пешниҳоди Паём нуктаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро баён намуданд.

Хосатан, вобаста ба соҳаи тандурустӣ баён гардид, ки соҳаи мазкур яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода мешавад. Инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида шуда, ҳамасола баҳри рушд ва таъмини соҳа бо таҷҳизоти аввалини тиббӣ ва фароҳамоварии шароити кории табибон таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Тавре Пешвои муаззами миллат зикр карданд, дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаи тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда шуда, танҳо давоми се соли оянда дар миқёси кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд, ки ин ҳама бешак, ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи солимии мардум заминаи хубе хоҳад гузошт.

Албатта, соҳаи тандурустӣ низ аз камбудиҳо холӣ нест, аз ин лиҳоз изҳори боварӣ карда мешавад, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳо ва ҷаҳду талоши Пешвои миллат баҳри солимии ҷомеъа ва баланд бардоштани сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ кормандони соҳаи тандурустии мамлакат тибқи супоришҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат дарки масъулиятро дучанд намуда,  баҳри болоравии маърифати санитарии аҳолӣ, расидан ба нишондиҳандаҳои мусоиди вазъи саломатии сокинон, алалхусус модарону кӯдакон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, коҳиш додани бемориҳои сироятӣ ва дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ташаккули ҷисмонии наврасону ҷавонон софдилона меҳнат намуда, ба ин васила ба натиҷаҳои назаррас комёб мегарданд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки маҳз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат аст, ки табибони вилояти Суғд давоми чанд соли охир ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, минбаъд низ баҳри боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Аз ҷумла, имрӯз дар вилоят 1118 муассисаи тандурустӣ бо фарогирии 5025 нафар табиб ва 16 659 нафар корманди миёнаи тиббӣ ба аҳолии вилоят хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Соли 2018 баҳри беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъминоти муассисаҳо бо таҷҳизоти муосир аз буҷети вилоят 391 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, инчунин ба муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят 387 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 11,9 миллион сомонӣ харидорӣ гардидааст, ки бешак, ба пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард.

Инчунин ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустии вилоят, сохтмон, таъмир ва навсозии 458 иншооти соҳа, аз чумла, 10 таваллудхона, 37 беморхона, 94 бунгоҳи тиббӣ, 72 маркази тиббӣ, 105 нуктаи хатнаи кӯдакон ба нақша гирифта шуда, дар 11 моҳи соли ҷорӣ сохтмони бинои нави шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон, сохтмони 10 бинои нави марказҳои саломатии деҳот дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Деваштич, сохтмони 19 бунгоҳи саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ ва Ашт ба итмом расиданд.

Дар ин робита мебояд зикр кард, ки кормандони Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд низ  аз ғамхориву дастгириҳои роҳбари давлат баҳраманданд. Аз ҷумла,  чанде пеш маҳз бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат бинои Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд, ки дар он беш аз 350 нафар кормандони соҳаи тиб фаъолият доранд, ба таъмири кулл фаро гирифта шуда, он бо 68 навъи таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. Инчунин бо дастгирии роҳбарияти вилоят таҷҳизоти томографияи магнитии рақамии резонансӣ низ аз нав фаъол гардонида шуд, ки ин ҳама фароҳамоварии шароити мусоиди корӣ метавонад баҳри пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак, коҳиш додани теъдоди бурриши қайсарӣ ва хизматрасонии босифат мусоидат намояд.

Дар ин робита мебояд таъкид кард, ки кормандони соҳаи тандурустии вилояти Суғд, инчунин Таваллудхонаи марказии вилоятӣ бо бардошт аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷавобан ба дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри пешбурди соҳа ва беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири муоинаву муолиҷа ва вобаста ба имкониятҳои фароҳамовардашуда  кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Зеро Паёми Пешвои миллат оинаи таҷассумкунандаи пешравиҳои имрӯзу фардои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он умеду боварии мардумро ба ояндаи дурахшон қавитар мегардонад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 10
  • 156
  • 202
  • 134,350