Даргузашти поягузори соҳаи урологияи Тоҷикистон профессор Аслиддин Осимӣ

Даргузашти поягузори соҳаи урологияи Тоҷикистон профессор Аслиддин Осимӣ
Август 08
15:13 2019

Шаби 7-уми августи соли равон табиби маъруфи тоҷик, профессор Аслиддин Осимӣ дар синни 86-солагӣ  вафот кард. Хешовандон, дӯстон, ҳамкорон ва донишҷӯёни устод имрӯз, соати 11.30 ӯро ба роҳи охират гусел  намуданд. Аслиддин Сайфиддинович дар қабристони Сари Осиёи пойтахт дафн карда шуд.

Профессор Аслиддин Осимӣ асосгузори соҳаи урология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Ӯ нахустин урологи тоҷик аст, ки дар доираҳои илмии Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон машҳур аст.  Ӯ то рӯзҳои охирини умраш дар таълими насли ҷавон фаъолона саҳм гузошт.

Аслиддин Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1959 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси «тиббӣ» хатм кардааст. Аз соли 1959 то 1963 дар беморхонаи шаҳрии Хуҷанд ба ҳайси духтури ҷарроҳ фаъолият намудааст.

Соли 1963 ба аспирантураи назди кафедраи ҷарроҳии факултетӣ дар курси урологияи назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1969 таҳти роҳбарии профессор Василий Николаевич Дунчик рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Табобати бемории роҳҳои шошадон дар шароити осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм» дифоъ  мекунад.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Аслиддин Сайфиддинович аз ассистент то профессор, мудири кафедраи урология аз соли 1974 то соли 2010, декани факултети тиббӣ солҳои 1975-1982 ва сарурологи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Номбурда муаллифи 2 монография, 6 дастури таълимӣ, зиёда аз 200 мақолаи илмӣ, 10 пешниҳоди ратсионализаторӣ буда, таҳти роҳбарии ӯ 4 рисолаи номзадӣ  ҳимоя гардидааст.

Барои хизматҳои шоиста ба Ватан А.С.Осимӣ соли 1978 бо унвони «Аълочии тандурустии ИҶШС», соли 1983 -«Духтури шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Барои дастовардҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ бо мукофоти «Мактаби олии ИҶШС» ва медали «Собиқадори меҳнат», соли 1973 бо унвони дотсент ва соли 1996-профессори кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз шудааст.

Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон А. Осимиро бо медали «Шафқат» сарфароз гардониданд ва соли 2011 Аслиддин Осимӣ  «Профессори сол» эълон шуд.

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти олими шинохтаи соҳаи тибби мамлакат Аслиддин Осимӣ  сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони эшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 185
  • 231
  • 173,850