Дархост барои изҳороти ҳавасмандӣ

Дархост барои изҳороти ҳавасмандӣ
Октябр 01
14:10 2019

Лоиҳаи хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модару кӯдак

Гранти Бонки Осиёии Рушд 0627-TAJ (SF)

 Хизматрасониҳои машваратӣ:

Маблағгузории таҷрибавӣ дар асоси табобат

Навъи мушовир: Ширкат

Манбаъ: Байналмилалӣ

Усули интихоб: Интихоб дар асоси буҷаи муқарраршуда

Ном ва рақами баста: CS07 – Ширкат оид ба маблағгузории таҷрибавӣ дар асоси табобат

Шакли пешниҳоди техникӣ: Пешниҳоди техникӣ

Ҷойгиршавӣ: Душанбе, ноҳияҳои Файзобод, Рашт ва Ш.Шоҳин

 Муқадима

Ҷумҳурии Тоҷикистон гранти Бонки Осиёии Рушд (БОР) -ро барои татбиқи Лоиҳаи хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модару кӯдак гирифтааст, ки ба ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустии Тоҷикистон, аз қабили маблағгузории нокифоя, инфрасохтори кӯҳна дар муассисаҳои тиббӣ ва нарасидани кормандони баландихтисоси тиббӣ, махсусан дар деҳот, равона шудааст.

  1. Ҳадафҳои супориш

 Ҳадафи хизматрасонии машваратии мазкур ба дастгирии ВТҲИА ва Вазорати молия дар таҳия / такмил додани методологияи маблағгузорӣ ҷиҳати таъмини баҳисобгирии буҷа ва самаранокии маблағгузорӣ дар самти саломатии модару кӯдак тавассути механизми маблағгузории таҷрибавӣ дар беморхонаи ноҳиявии лоиҳа. Равона шудааст.

  1. Доираи супориш

Дар ҳамоҳангии зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ /ГТЛ ва бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, Машваратчӣ вазифаҳои зеринро иҷро амалиӣ хоҳад кард:

1.       Таҳияи ситемаи маблағгузории таҷрибавӣ дар асоси табобат;

2.       Мусоидат ба ҷорӣ намудани системаи виртуалии ҳисоби музди меҳнат;

3.       Кафолат додани таҳия ва татбиқи системаи иттилоотӣ оид ба назорати маблағгузорӣ ва маблағгузории хизматрасониҳои равонасозӣ (роҳхатдиҳӣ);

4.       Таъмин намудани роҳнамоӣ ва дастгирии техникӣ дар ҳама марҳилаҳои татбиқи системаи таҷрибавии маблағгузорӣ дар асоси табобат;

5.       Омӯзонидани кормандони беморхона оиди истифодаи системаи маблағгузорӣ дар асоси табобат

 Вазифаҳои зарурӣ

 Ширкати машваратӣ мутахассисони асосии зеринро бояд доро бошад:

 Мутахассис ва коршиносони байналмилалӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба маблағгузории соҳаи тандурустӣ (11 М/Н)
  2. Коршиноси таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (5 М/Н)
  3. Мутахассис оид ба кафолати сифати барномаҳо (3.7 М/Н)

 Мутахассис ва коршиносони миллӣ

  1. Мутахассиси маблағгузории соҳаи тандурустӣ (12 М/Н)
  2. Таҳиягари барномаҳо (10 М/Н)
  3. Мутахассис оид ба кафолати сифати барномаҳо (10 М/Н)

Маълумоти муфассал дар Супориши техникӣ оварда шудааст, ки онро тавассути занҷираи зерин дастрас кардан мумкин аст:

CS07_TOR_RU

ВТҲИА ширкатҳои машваратии мувофиқро барои пешниҳоди изҳороти ҳавасмандӣ роҷеъ ба хизматрасониҳои машваратии дар боло зикршуда даъват менамояд.

Ширкатҳои ҳавасманд маълумоти заруриро амсоли, тахассуси кофӣ барои иҷрои хидматҳои пешниҳодшуда (шарҳи вазифаҳои монанд, таҷриба дар шароити шабеҳ, таҷриба ва салоҳияти вобаста, таҳияи брошюраҳо, малакаи кормандон ва ғайра) -ҳоро, бояд пешниҳод намоянд.

Раванди интихоб мувофиқи Қоидаҳо ва Роҳнамои БОР оид ба интихоби мушовирон гузаронида мешавад. Ширкатҳое, ки дар рӯйхати кӯтоҳ дохил мешаванд, барои баррасии пешниҳоди техникӣ ва молиявӣ даъват карда мешаванд. Изҳороти ҳавасмандии пешниҳодкардаи ширкатҳо аз ҷониби Кумитаи интихобӣ бо истифода аз меъёрҳои зерин баррасӣ карда мешавад:

  1. Таҷрибаи кофи шабеҳ ба супориши техникӣ;
  2. Қобилияти техникии ширкат, тахассуси инфиродии аъзоёни даста барои иҷрои вазифа;
  3. Маълумот оиди ширкат бо нишон додани давомнокии хизматрасониҳо, салоҳиятҳои асосӣ, системаи идоракунӣ ва захираҳои молиявӣ;

Ҳамаи ширкатҳои машваратии ҳавасманд бояд пешниҳодҳои хешро бо забонҳои англисӣ ва / ё русӣ дар шакли онлайн ба сомонаи зерин ирсол намоянд:

https://selfservice.adb.org/OA_HTML/adb/xxcrs/jsp/ADBCsrnFwd.jsp?sel=154077

Барои маълумоти иловагӣ, ширкатҳои ҳавасманд метавонанд бо мо дар тамос шаванд:

Гурӯҳи татбиқи лоиҳа

Лоиҳаи хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модару кӯдак дар Тоҷикистон

734025, Душанбе, кӯчаи Шевченко 69

Дафтари Гурӯҳи Татбиқи Лоиҳа

Тел .: +992 37 221 4395

Почтаи электронӣ: adbhpp@gmail.com

Мӯҳлати пешниҳодҳо то 30 октябри соли 2019, на дертар аз соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 27
  • 400
  • 190,071