Дар вилояти Хатлон зиёда аз 12 ҳазор кӯдакон аз амалиёти хатна гузаронида шуданд

Октябр 04
15:00 2018

Ташкил гардидани ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ва гузаронидани амалиёти хатна ба таври ройгон, маҳз зери фаъолияти густурдаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароҳ монда шудааст.

Ҳамин аст, ки дар доираи иқдоми мазкур дар кулли муассисаҳои тандурустии кишвар фаъолияти ҳуҷраҳои махсусгардонидашуда барои хатнаи кӯдакон бароҳ монда шуда, гузаронидани амалиёти хатна ба таври безарар ва ҷавобгӯй ба талаботи давр бо мувафақият идома дорад. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 203 ҳуҷра ташкил шуда, то ба имрӯз 12368 нафар кӯдакон аз амалиёти хатна гузаронида шуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки иқдомоти мазкур бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 августи соли 2017   рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин доира, инчунин  фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018   оид ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон», аз 18 майи соли 2018   “Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирию омории соҳавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон” ва аз 2 июли соли 2018   “Дар бораи тасдиқ намудани рӯйхатҳои таҷҳизоти зарурӣ барои ҳуҷраҳои хатнаи кӯдакон” ба тасвиб расида, айни ҳол амалӣ шуда истодаанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 27
  • 254
  • 91,430