Марказҳои саломатии Шамолдара ва Навобод мавриди истифода қарор гирифтанд.

Марказҳои саломатии Шамолдара ва Навобод мавриди истифода қарор гирифтанд.
Октябр 04
15:07 2018

Хизматрасонии босифати тиббӣ ба мардуми ноҳияву деҳоти дурдасти кишвар, сари вақт расонидани кӯмаки тиббиву санитарӣ яке аз ҳадафҳои асосии Роҳбарияти Олии кишвар ва сохторҳои дахлдор, ба хусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Барои боз ҳам беҳтару хубтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғд ва Хатлон аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият дошта, аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, сохтмони чанд Маркази саломатии деҳот ба анҷом расид.

Ду маркази навбунёд дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Саидализода  мавриди истифода қарор дода шуд. Ифтитоҳи  Маркази саломатии “Шамолдара”  дар яке аз деҳаҳои дурдасти ин ноҳия имкон фароҳам меоварад, ки ба мардуми маҳаллӣ сари вақт ва бо сифати баланд хизматри босифати тиббӣ расонида шавад. Маркази саломатии “Навобод” дар ҷамоати деҳоти Сангтударо аҳолии маҳал солҳо боз интизор буданд, зеро дар ин деҳа танҳо як хонаи саломатӣ амал мекард, ки ба шароити имрӯза мувофиқ набуд. Имрӯз ин маркази саломатӣ дорои утоқҳои  табиби оилавӣ, хонаи машваратӣ, ҳуҷраҳои доругузаронӣ ва эмкунӣ, утоқи махсус барои хатнаи кӯдакон ва утоқи  алоҳидаи момдоя мебошанд. Ҳамчунин ин мараказҳои навбунёд дорои  таҳлилгоҳ ва асбобу анҷоми  лабораторӣ гаштанд, ки  барои таҳлилу  ташхиси саривақтии аҳолӣ ва табобати босифати онҳо мусоидат хоҳад кард.

Маврид ба ёдоварист, ки ин марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти кориву тиббии муосир  муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Фаъолияти хуби муассисаҳои навбунёди замонавӣ имкон медиҳанд, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар деҳаҳои мазкур ҷавобгӯй ба талаботи давр роҳандозӣ гардида,  аҳолӣ аз хизмати босифати тиббӣ бархурдор гарданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 228
  • 233
  • 109,364