Дар доираи “Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия” миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ҷамъомадҳо баргузор гардид

Дар доираи   “Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия”  миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ҷамъомадҳо баргузор гардид
Декабр 09
09:58 2017

Имрӯз дар доираи таҷлили “Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия” дар маркази миллии тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Шаҳраки шифобахш”  бо мақсади пешгирӣ ва  мубориза бо ҳолатҳои   коррупсионӣ дар ҷомеа, бахусус  миёни кормандони тиб вохурии роҳбарият ва сохторҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони   Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки “Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия” ҳамасола санаи 09 декабр дар саросари олам таҷлил карда мешавад, ки мақсад аз он пешгирӣ ва мубориза алайҳи ришваситонӣ маънидод мегардад.

Дар ҷамъомади мазкур  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  Нигора Муқимӣ,  Сардори раёсати дуюми сарраёсати пешгирии корупсия ва кормандони дигар идораҳои марбутаи ин ниҳод намояндагӣ намуда, дар чорабинӣ  ҳамзамон Мирҳамуддин Камолзода,  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин  роҳбарият ва сохторҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни вохурӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  оид ба    ҳолатҳои  коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайли ин зуҳурот инчунин дар самти  амалисозии “Стратегияи муковимат бо коррупсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ” корҳои пешгирии  коррупсионӣ  дар байни кормандони тиб баромадхо намуда аз оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ  ва хисороту хислатҳои манфии он ба ҷомеа ва давлат  ба иштирокчиён маълумот доданд.

Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   зимни баромади хеш диққати ҳозиринро ба масоили   мафҳуму моҳияти коррупсия, зуҳуроти номатлуби он дар  ҷомеа ва зарари манфӣ  доштани он дар пешрафту шукуфоии давлат ҷалб намуданд. Ҳамчунин дар вохурӣ  таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маврид ба таъкид аст, ки имрӯз дар доираи таҷлили “Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия”   вохурии   намояндагони   Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  кормандони тиб дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”, Муассисаи таълимии  давлатии “Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва инчунин дар Муассисаҳои тандурустии манотиқи кишвар      сурат гирифта истодааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=