Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид (АКС)

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид  (АКС)
Октябр 18
17:58 2019

Имрӯз, 18 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид, ки дар он  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон  Пратибҳа Меҳта, роҳбари Намояндагии  Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Тасним Ататраҳ, котиби Форуми аврупоӣ оид ба маъюбӣ Гунта Анча,  намояндагони вазорату идораҳо,  ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои миллии маъюбон,  ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд.

Қабл аз оғози ин чорабинии сатҳи баланд  меҳмонон аз  намоишгоҳи Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ  дидан намуданд. Дар намоишгоҳи мазкур навъҳои гуногуни доруворӣ, дастовардҳои олимони соҳаи тибби  кишвар, маҳсулотҳои  ортопедию протезии истеҳсоли  ватанӣ ва  дастранҷи ашхоси маъюб ба маърази тамошо гузошта шуд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори Форум ҳусни оғоз бахшида, оид ба дастгирии ин қишри ҷомеа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд.

Қайд гардид, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон тадбирҳои назаррас анҷом дода, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни баромади пурмуҳтавои хеш иброз намуд, ки ҳанӯз аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маъюбон зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки моҳи марти соли 2018 Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи  ҳуқуқҳои шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои шахсони маъюб аз тарафи Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт. Баъди ҳукми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шудааст.

Баъдан меҳмонони воломақоми Форуми мазкур суханронӣ намуда, барои баргузории чунин як чорабинии сатҳи баланд миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

Пасон ҷаласаҳои пленарии Форум дар чор бахш ҷараён гирифтанд, ки дар онҳо олимони дохиливу хориҷӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш баромад намуданд.

Инчунин, дар ҷараёни Форум вобаста ба  таҳлилу баррасӣ намудани вазъи маъюбон дар кишвар да дигар паҳлуҳои соҳа бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, роҳбари Намояндагии  Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Тасним Ататраҳ  ва масъулини соҳа иштирок намуда, ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд.

Баъди анҷоми ҷаласаҳои пленарӣ Изҳороти Душанбе оид ба масъалаҳои маъюбӣ қабул гардид.

Дар анҷоми Форум чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки шахсони маъюб баргузор гардид.

Пас аз хотимаи барномаи мазкур аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоили Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба иштирокчиёни барномаи консертӣ диплом  супорида шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 127
  • 569
  • 198,200