ДАР ДУШАНБЕ ҲАМОИШИ ИЛМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН БА КОРИ ХУД ОҒОЗ КАРД

Сентябр 01
18:03 2011

Имрўз дар Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон Конфронси илмию амалии олимони ҷавони пажўҳишгоҳ бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Солимии репродуктивии аҳолӣ: дастовардҳо ва мушкилот» баргузор гардид.

Директори Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон Шамсиддин Қурбонов дар сухани муқаддимавиаш дар оғози кори ҳамоиш ҳозиринро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар назди олимони ҷавон вазифаҳои мушаххас гузоштааст ва имрўз ҳар як олими ҷавон бо нигоҳи нав ба тадқиқ ва омўзиш машғул гардад.

Ин чорабинӣ дар чаҳорчўбаи татбиқи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ташкил ва гузаронидани анҷуману конфронсҳо ва семинару машваратҳои илмию амалӣ бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон гузаронида шуда истодааст.

Дар кори ин ҳамоиши илмӣ бештар аз 80 нафар олимон ва мутахассисони ҷавон, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти саломатии модарону кўдакон шуғл доранд, иштирок мекунанд ва масъалаҳои мубрами хизматрасонӣ ба модарону навзодонро муҳокима менамоянд.

Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани чунин як чорабинӣ боз ҳам бештар ҷалб намудани олимон ва мутахассисони ҷавон дар ҳалли масъалаҳои илмию амалии хадамоти ҳифзи саломатии модару кўдак ва тақвият бахшидан ба потенсиали кадрӣ дар ин соҳа мебошад.

Дар кори конфронс бештар аз 28 баромади олимон ва ё гурўҳи олимони ҷавон доир ба дастовардҳои илмию амалии онҳо, баромад ва баҳсу мунозираҳои илмӣ анҷом дода хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=