Дар минтақаи Кӯлоб 26 номгӯй дорувории муҳлаташ гузашта аз муомилот гирифта шуд

Дар минтақаи Кӯлоб 26 номгӯй дорувории муҳлаташ гузашта аз муомилот гирифта шуд
Ноябр 04
12:35 2019

Кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб ҷиҳати ошкор ва аз муомилот гирифтани доруҳои муҳлати истеъмолашон гузашта ё пастсифат тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии минтақаи Кӯлоб, феълан дар минтақаи Кӯлоб 282 муассисаи фармасевтӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин рақам ба шаҳри Кӯлоб — 90, ноҳияи Восеъ — 48,  ноҳияи Фархор — 40, ноҳияи Балҷувон – 3, ноҳияи Темурмалик – 8, ноҳияи Ховалинг – 16, ноҳияи Ҳамадонӣ – 32, ноҳияи Данғара – 27, ноҳияи Муъминобод – 9 ва ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 9 адад рост меояд.

Мавсуф зикр кард, ки дар нуҳ моҳи соли равон ҳангоми гузаронидани  санҷиш аз муассисаҳои фармасевтии дар минтақаи Кӯлоб фаъолияткунанда 34 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба андозаи 712 адад, 26 номгӯй дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ба миқдори 547  адад аз муомилот гирифта шуданд. Ҳамчунин 8 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 165  адад ошкор гардид.

«Дар 9 моҳи соли 2019 аз ҷониби мутахассисони Раёсат дар самти фаъолияти фармасевтӣ аз дорухонаҳо ва муассисаҳои табобатию пешгирикунанда 87 номгӯй доруворӣ ба миқдори 131  адад, ки  муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати сифат буданд, аз муомилот гирифта шуд»,- изҳор дошт сармутахассиси Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии минтақаи Кӯлоб Бахтиёр Зулфалиев.

Гуфта шуд, ки дар 9 моҳи соли равон 1 тоннаю 135 кг маводи дорувории тиббии муҳлати истифодаашон гузашта тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Ба иттилои Б. Зулфалиев, дар ин давра аз ҷониби беморхона ва дорухонаҳое, ки дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунанд, ба миқдори 24 ҳазору 26 адад ё 611 номгӯй дорувории муҳлати истеъмолашон гузашта барои безарар гардонидан ба Раёсати хадамот супорида шуд.

Кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳангоми гузаронидани санҷиш нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтии дар минтақа фаъолияткунанда ба маблағи 47 ҳазору 960 сомонӣ 20 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд.

Тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони мазкур ҷарима баста шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 129
  • 569
  • 198,202