Дар натиҷаи сӯхтор на бошандагони муассиса ва на кормандони он зарар надидаанд

Июн 30
11:12 2017

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки хабари пахшнамудаи Дафтари «Радиои озодӣ» дар Душанбе ки аз номи Идораи оташнишонии шаҳри Ҳисор онро мунташир сохтааст, асоси воқеӣ надошта, намояндагони расмии идораи мазкур дар сӯҳбат бо телефон ба масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ онро рад намудаанд.

Дар асл бошад ҳақиқати воқеа чунин аст.

Тахминан соати 22:00 шаби 29 июни соли 2017 дар натиҷаи баҳамхӯрии ноқилҳои симчӯбҳо дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор» дар анборчаи нигоҳдории гилему курпаҳои кӯҳнаю фарсудаи муассиса дар натиҷаи расиши ноқилҳои гирёнкунаки барқ (включатель) оташак ба вуҷуд омада, лахчаҳои он ба болои фарши анборча афтида, сӯхтор сар мезанад.

Анборчаи мазкур дар яке аз ҳуҷраҳои холии бинои якошёнаи ёридиҳандаи муассиса, ки дар он ҳамагӣ 6 ҳуҷра мавҷуд аст, ташкил карда шуда будааст.

Аз воқеаи рухдода кормандони муассиса, аз ҷумла навбатдори он зуд хабардор гардида, бо истифода аз қувваҳои дохилӣ ва ҷумакҳои оташнишонӣ ва дигар лавозимоти аввалияи сӯхторхомӯшкунӣ алангаи оташро саривақт бартараф менамоянд. Дар ҷараёни ин ҳодиса гурӯҳи оташнишонони Идораи оташнишонии шаҳри Ҳисор низ расида, кумаки аввалияи худро мерасонанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи сӯхтори бавуқуъ омада, на бошандагони муассиса ва на кормандони он зарар надидаанд. Танҳо ба хотири пешгирии заҳролудшавӣ гази сӯзандаи оташ нақлиёти махсуси ёрии таъҷилии Беморхонаи шаҳри Ҳисор саривақт ба макони ҳодиса расида, ба 4 нафар бошандагони муассиса ёрии аввалияи тиббӣ расонида, ки дар давоми се соати баъд аз ин ҳодиса онҳо ба ҳуҷраҳои хоби  худ ҷойгир мешаванд.

Дар айни замон, оқибатҳои сӯхтор, ки тибқи маълумотҳои мақомоти ваколатдори оташнишонӣ на онқадар ҷиддӣ арзёбӣ гардидааст, бартараф гардида, муассиса бо реҷаи маъмулии худ фаъолият карда истодааст.

 

                                                        Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва

                                                     ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 219
  • 219
  • 150,091