Дар ноҳияи Айнӣ 23 марказҳои тавонбахшӣ амал мекунанд

Дар ноҳияи Айнӣ 23 марказҳои тавонбахшӣ амал мекунанд
Август 28
12:02 2019

Баҳри татбиқи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020  дар ноҳияи Айнӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи мазкур 23 марказҳои тавонбахшӣ, аз ҷумла 1 зали машваратгузаронӣ, 12 хонаҳои машғулияти кӯдакони маъюб, 10 хонаи кормандони тавонбахшӣ таъсис дода шуда ва биноҳо таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд. Инчунин, дар ноҳия биноҳои маъмурӣ, кӯчаҳои пиёдагард бо роҳравҳои зарурӣ барои маъюбон (пандусҳо) таъмин  гаштаанд.

Давоми 6 моҳи аввали соли равон ҷиҳати дастгирии оилаҳо ва шахсони камбизоату муҳтоҷ дар арафаи  иду ҷашнҳо ба 1307 нафар табақаҳои ниёзманди аҳолии ноҳия ба маблағи 345, 7 ҳазор сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ёрии моддӣ расонида шудааст. Инчунин, дар ин давра ба 4 нафар маъюбон аробача дастрас карда шуда, 2311 нафар оилаҳои камбизоат аз кӯмаки иҷтимоӣ бархурдор гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар ноҳияи Айнӣ 57 муасисаи тиббӣ, аз ҷумла 8 беморхона, 22 марказҳои саломатӣ, 27 хонаҳои саломатӣ, 1 маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ амал мекунанд.

Айни  замон сохтмони беморхонаи деҳаи Урметан барои 40 кат идома дошта, маркази дандонпизишӣ ва дорухона дар деҳаи Урметан, бинои дорухона ва ташхисгоҳи УЗӢ дар деҳаи Дар-Дар  сохта ба истифода дода шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 222
  • 314
  • 180,290