Дар ноҳияи Рашт таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Рашт таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ ба истифода дода шуд
Ноябр 22
12:28 2017

Дирӯз дар  Маркази минтақавии мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Рашт бо ташаббуси Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ доир гардид.

Ба иттилои дастрас таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ таҷҳизотест, ки тариқи видеоконфронс ва технологияи иттилоотӣ кормандони тибро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳам мепайвандад ва  ба онҳо имкони мубодилаи таҷрибаро  фароҳам меорад.

Гуфта мешавад чунин таҷҳизот барои анҷоми ташхиси дурусту саривақтӣ бисёр муҳим буда, силшиносон акнун метавонанд бо Марказҳои дигар пайваст шуда,  тариқи онлайн машварат  ва маслиҳатҳои муфид гиранд.

Ба гуфтаи масъулин, пеш аз фароҳам овардани чунин таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ, кормандони тиб ва силшиносонро зарур буд садҳо километр роҳро аз ноҳияҳои дурдасти минтақаи Рашт тай намуда, ба пойтахти ҷумҳурӣ барои омӯзиши тиббӣ раванд. Ҳоло бо пайваст намудани  ин таҷҳизоти замонавӣ дар кӯтоҳтарин вақт  табибон бо мутахассисони ҷумҳуриявӣ пайваст шуда, аз онҳо дар мавриди бемориҳои сил маслиҳатҳо мегиранд.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар панҷ минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таҷҳизот насб гардида, байни ҳам пайваст мебошанд. Дар назар аст, ки тариқи чунин дастгоҳ мутахассисон дар мавриди дигар бемориҳо низ табодули таҷриба кунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=