Дар Тоҷикистон кӯмаки аввалияи тиббӣ ройгон аст

Дар Тоҷикистон кӯмаки аввалияи тиббӣ ройгон аст
Сентябр 14
08:24 2019

14 сентябр-Рӯзи ҷаҳонии ёрии аввалияи тиббӣ

Ҳамасола аз соли 2000 шанбеи дуюми моҳи сентябр дар бисёр кишварҳои олам Рӯзи ҷаҳонии ёрии аввалияи тиббӣ ҷашн гирифта мешавад. Ташаббускорони ин иқдом ташкилотҳои Ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошанд.

Мувофиқи маълумоти  Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳар сол дар ҷаҳон 10% -и фавти одамон ва то 15%-и маъюбон дар натиҷаи ҷароҳат дар садамаҳои нақлиётӣ, сӯхтан, афтидан ё ғарқ шудан рух медиҳанд.

Мафҳуми кӯмаки тиббӣ-ин тадбирҳои пешгирию ташхиси бемориҳо, заҳролудшавӣ, ҷароҳат, табобат ва барқарорсозии саломатии беморон, назорати ҳомиладорӣ, кӯмаки момодоягӣ ҳангоми таваллуд ва назорати давраи баъдитаваллуд мебошад. Вобаста ба намуд кӯмаки тиббӣ ба кӯмаки пеш аз табибӣ (тотабибӣ), кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, кӯмаки тахассусии тиббӣ, кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ, кӯмаки баландихтисоси тиббӣ ва кӯмаки тиббию иҷтимоӣ ҷудо мешавад.

Кӯмакҳои пеш аз табибӣ, аввалияи тиббию санитарӣ ва тахассусии тиббӣ – намудҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ ба шумор рафта, бо шаклҳои  кӯмаки амбулаторию дармонгоҳӣ (кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кӯмаки машваратию ташхисӣ), кӯмаки таъҷилии тиббӣ, авиатсияи санитарӣ ва кӯмаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар  субъёктҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ: марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ, марказҳои саломатии шаҳрию ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот, амбулаторияҳои тибби оилавӣ, бунгоҳҳои саломатӣ аз тарафи табибони оилавӣ, ҳамшираҳои оилавӣ ва табибони ихтисосноки стансияҳои ёрии таҷилӣ ва дармонгоҳҳо расонида мешавад.

Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ – сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ки дар он робитаи нахустини шаҳрвандони солим ва бемор бо табибон ба вуқӯъ меояд, сохтори бунёдии бисёрҷонибаи хизматрасонии тиббӣ (пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатӣ), ки раванди муттасили ҳифзи саломатии аҳолиро таъмин менамояд ва намуди асосии хизматрасонии тиббӣ буда, дар он навъ ва ҳаҷмҳои зерини хизматрасонӣ, аз ҷумла пешгирӣ, ташхис ва муолиҷа таъмин карда мешавад.

Пешгирӣ-ин яке аз қисмати асосии хизматрасонӣ ба шумор меравад, аз ҷумла машварат ва таблиғи таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи эмкунӣ мутобиқи тақвими миллии эмкунӣ, машварати пӯшида оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, назорати ҳолати саломатии кӯдакони то синни 5 сола, муоинаи пешгирии давравии мактаббачагон, назорати диспансерии бемороне, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба истиснои усулҳои иловагии озмоишӣ ва таҷҳизотии таҳқиқ ва гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок оид ба пешгирии бемориҳо мебошанд.

Ташхис ва муоинаи бемор аз ташхиси заминавии лабораторӣ (ташхиси умумии хун аз рӯи нишондод, ташхиси хун  барои вараҷа (малярия), ташхиси умумии хуни донорӣ барои сирояти бо хун интиқолёбанда, ташхиси умумии пешоб аз рӯи нишондод, микроскопияи андудаи пешоброҳӣ ва маҳбалаи ҳомиладор, ташхиси балғам, муайян намудани қанди хун ва пешоб аз рӯи нишондод,  электрокардиография дар ҳолатҳои зарурӣ) иборат мебошад.

Дар ҳамин ҳол Тоҳиров Равшан Ҷамшедович, Сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, бо мақсади саривақт ва самаранок татбиқ гардидани маҷмӯи чорабиниҳои соҳавӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нақшаи амалигардонии “Нақшаи стратегии рушди КАТС аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” қабул ва амалӣ шуда истодааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар доираи амалинамоии нақшаи стратегии мазкур яке аз афзалиятҳои он вориднамоии бизнеснақшагирӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба шумор меравад, ки имрӯзҳо бо дастгирии шарикон оид ба рушд дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври таҷрибавӣ ворид шуда истода, ҷорӣ намудани консепсияи бизнеснақшагирӣ ҳамчун маводи идоракунӣ дар чорчӯбаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ пешбинӣ шуда, он барои боз ҳам самаранок гардонидани маҷмӯи хизматрасониҳо дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва идоракунии муассисаҳо мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ  дар асоси моддаи 11 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, тартиб ва шароитҳои пешниҳод намудани хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва музднокро ба шаҳрвандони мамлакат дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ муайян месозад.

Хизматрасонии тиббию санитарии ройгон – намуд, ҳаҷм ва шартҳои фароҳам овардани кӯмаки тиббию санитариро дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз буҷети давлатӣ, инчунин мавҷудияти захираҳои донорӣ барои татбиқи барномаҳои дахлдор дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ дарбар мегирад.

Шарти асосии расонидани кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани роҳхати табиби оилавӣ, бемориҳои даруна, табиби бемориҳои кӯдакона ва акушер-гинекологи минтақавии муассисаи тандурустии маҳалли зист, хулосаи комиссияи назорати тиббӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 дар бораи “Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” айни ҳол дар ҷумҳурӣ 317 муассисаҳои давлатии тандурустӣ аз ҷумла, муассисаҳои ҷумҳуриявӣ – 29, шаҳри Душанбе – 31, вилояти Хатлон -125, вилояти Суғд -77, ВМКБ -27 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 28 (32 – СПИД, 11 – СЭС,  10 – малярия) фаъолият менамоянд.

Дар доираи амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2015, № 90 «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» айни ҳол барномаи мазкур дар 19 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ амалӣ шуда истодааст, ки инҳо ноҳияҳои Файзобод, Шаҳринав, Варзоб, Рашт, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Данғара, Ашт, Спитамен, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шуғнон, Рӯшон ва шаҳрҳои Турсунзода, Сарбанд, Норак, Истаравшан ва Истиқлол мебошанд.

Қобили зикр аст, ки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ расонида мешавад.

Дар давоми солҳои охир ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ, ҷиҳозонидани муассисаҳои КАТС чорабиниҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла қариб 43% муассисаҳои КАТС-и ҷумҳурӣ таъмир ва таҷҳизонида шуда, 46 нақлиёти санитарӣ харидорӣ гардид ва мутахассисон бо 1 300 адад борхалтаҳои табиби оилавӣ ва 1 450 адад борхалтаҳои кормандони миёнаи тиб таъмин карда шуданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 15 марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ ва 11 шӯъбаҳои таълимию клиникии тибби оилавии шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд. Инчунин, рушди заминаи таълимӣ ва клиникии тарбия ва бозомӯзии кадрҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ оид ба амалияи тибби оилавӣ беҳтар шуда, шумораи табибони оилавии омӯзонидашуда аз аввали воридшавии тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ 4352 нафар (81,6%, талабот 5333 нафар) ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 8155 нафарро (76,4%, талабот 10 667 нафар) ташкил медиҳанд. Бо мақсади устуворнокии раванди вориднамоии тибби оилавӣ мунтазам табибону ҳамшираҳои омӯзонидашуда бо борхалтаҳои тиббӣ таъмин карда шуда истодаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон сол аз сол маблағгузории соҳаҳои мухталифи кишвар зиёд гардида истодааст. Маблағҳое, ки барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии соҳаи тандурустӣ ҷудо гардидаанд, дар даҳ соли охир 9 маротиба зиёд шуданд. Масалан, агар соли 1998 ба  шабакаи муассисаҳои КАТС-и кишвар танҳо 15.9% маблағ ҷудо гардида бошад, соли 2018 ин рақам ба 40%  расонида шуд.

Бояд гуфт, ки дар баробари дастовардҳо, дар фаъолияти имрӯзаи соҳа камбудиҳо низ ҷой доранд. Аммо, новобаста аз ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо масъулияти ҷиддӣ барои ҳалли ин масъалаҳо, хусусан барои иҷрои вазифаҳое, ки дар суханрониҳо ва паёмҳои Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии он,  бахусус дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ  таъкид мегарданд, саъю кӯшиши худро равона намуда истодааст.

ХУСРАВ ШОҲСАИДОВ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 172
  • 264
  • 211,307