Дар шаҳри Бӯстон маъюбону ниёзмандонро аёдат намуданд

Дар шаҳри Бӯстон маъюбону ниёзмандонро аёдат намуданд
Июл 09
13:44 2019

8 июл, бахшида ба Рӯзи маъюбон раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ҳамроҳ бо сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Илҳом Ҷабборов як қатор наврасони дорои имконияти маҳдуд ва шаҳрвандонро аёдат намуданд. Аз ҷумла дар ин рӯз аёдати Манучеҳр Самадов, Амирҷон Азимов ва Санавбар Холиқова сурат гирифт.

Зимни боздид роҳбари шаҳр Раъно Ҳошимзода ва сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Илҳом Ҷабборов аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд дар самти солимгардониву ба ғамхориҳои пайваста фаро гирифтани шахсони ниёзманд, дорои имконияти маҳдуд ва ятимону барҷомондагон ибрози назар намуда, ба аёдатшудагон кӯмакҳои моддиву молиявӣ тақдим намуданд.

Волидайн ва наздикону пайвандони аёдатшудагон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба ин қишри ҷомеа изҳор намуданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 17
  • 300
  • 179,771