Дар шаҳри Қурғонтеппа «Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон» бо шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Июн 01
10:28 2017

Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн ҷашн гирифта мешавад нақшаю чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ намуда, як  қатор чорабиниҳоро баргузор намудааст.

Гуфта мешавад баргузор намудани «Рӯзи дарҳои кушод» дар  муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо, аёдати кӯдакони маъюби бистарӣ ва имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд, семинарҳои таълими барои кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба Рушду инкишофи бармаҳали кӯдакон, пешгирии бемориҳои сироятӣ,  ҳимояи ғизои табии кӯдакон  ва таъмини кӯдакони  аз 6 моҳа то 59 моҳа ба ғилофакҳои витамини А дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз тадбирҳои андешидашуда дар ин самт мебошанд.

Инчунин аз тарафи кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати таҷлили Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон   бо аҳолӣ  суҳбат ва вохуриҳо гузаронида, ба роҷеъ ба рушду инкишофи бармаҳали кӯдакон, аҳамияти витамини А ва иммунизатсия, ҳимояи ғизои табии кӯдакон ва пешгирии бемориҳои дарунрав маслиҳатҳо доданд.

Гуфта мешавад ҳамзамон дар якҷояги бо Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар боғи истироҳативу фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба таҷлили ин ҷашни  байналхалқӣ   чорабинии фарҳангию фароғатӣ ташкил карда шуд, ки   дар он  намояндагони ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ,  санъаткорон, нависандаҳо ва намояндагони динӣ иштирок намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 222
  • 314
  • 180,290