Дар ҷаласаи ғайринавбатии ситоди вазорат дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

Дар ҷаласаи ғайринавбатии  ситоди вазорат дастуру супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Май 20
18:23 2020

 

Шоми имрӯз, 20 майи соли равон соати 19:30 дақиқа ҷаласаи ғайринавбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии коронавирус баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҷаласаи ғайринавбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии коронавирус шарҳу баррасии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз зимни суҳбат бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ пешниҳод гардиданд.

Зикр гардид, ки мақсади мулоқоти имрӯзаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад.

Ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустӣ баён доштанд, аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 87
  • 547
  • 359,026