Дар ҷаласаи ҳайати мушовара масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Сентябр 24
11:17 2019

Имрӯз, 24 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Насим Олимзода, муовинони  вазир Саида Умарзода, Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, роҳбари Муассисаи давлатии “Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон” Алиҷон Ғоибзода, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Маҳмадшо Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, мавзӯъҳои ҷаласаро эълон намуд.

Ҳамин тавр, тибқи рӯзномаи ҷаласа сараввал оид ба “Вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхис, табобат ва назорати дармонгоҳии бемориҳои асаб ва ҷарроҳии асаб дар ҷумҳурӣ” Иззатов Х, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Қайд гардид, ки вазъи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ҳамзамон омӯзиши вазъи таъмини хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхису табобати бемориҳои асаб ва ҷарроҳии асаб дар кишвар мутобиқи банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ гардидааст, инчунин, бо мақсади иҷрои  фармоиши вазорат аз 10.09.2019, №666  гурӯҳи корӣ аз ҳисоби сармутахассисони вазорат ба фаъолият оғоз намуд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ 400  нафар табиби бемориҳои асаб фаъолият менамоянд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Маҷмааи давлатии тандурустии “Истиқлол” кафедраи ҷарроҳии асаби Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва кафедраи  вертебрология ва ҷарроҳии асаб дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъди дипломи  кормандони тибби Тоҷикистон фаъолият доранд, ки дар он 2 доктори илмҳои тиб ва 5 номзади илмҳои тиб кор ва фаъолият менамоянд.

Пас аз баромади Иззатов Х, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба соҳаи ҷарроҳии кӯдакон оид ба “Вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхис, табобат ва назорати дармонгоҳии бемориҳои асаб ва ҷарроҳии асаб дар ҷумҳурӣ” масъалаву мушкилоти мавҷудаи соҳа  мавриди  таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Вобаста ба рафъи мушкилоти мавҷудаи соҳа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи ҷаласа оид ба “Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон бо бемориҳои дилу рагҳои хунгузар, махсусан бемориҳои нуқсони модарзодии дил” Абдуҷабборов А.А., сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба соҳаи  ҷарроҳии дили кӯдакон баромад намуд.

Мувофиқи маълумотҳои пешниҳодгадида дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 6 500 нафар кӯдакони синни то 18-сола гирифтори бемории “Нуқсони модарзоди  дил” дар  қайди  диспансерии мутахассисони тиб мебошанд.

Дар ҷумҳурӣ барои расонидани хизматрасонии тиббии махсусгардонидашуда барои кӯдакони гирифтори нуқсони модарзодии дил 3 муассисаи давлатӣ ва 1 муассисаи хусусӣ хизмат мерасонанд.

Дар бораи “Ҷараёни татбиқи “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, №171 “Дар бораи  тасдиқи тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо ва рӯйхати шахсоне, ки аз рӯи нишондоди эпидемиологӣ бояд азназаргузаронии ҳатмии пинҳонии тиббиро барои сирояти ВНМО гузаранд” Каримов С.С., Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”-и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  маърӯза намуд.

Қайд гардид, ки  бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) сирояти ҷанбаи иҷтимоидошта ба шумор рафта, яке аз мушкилоти асосии ҷаҳони муосир мебошад. Дар баробари дигар давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин беморӣ эмин намондааст.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 Стратегияи Барномаи муштараки Созмони Милали Мутаҳид оид ба пешгирии ВНМО барои солҳои 2016-2021, ки ба пурзӯр намудани  фаъолиятҳо баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 бахшида шудааст ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчуби расидан ба Ҳадафҳои рушди босубот мебошад, қабул намуд.

Ҳадафи асосии барномаи мазкур ин дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирии ин беморӣ, табобат ва нигоҳубини гирифторони ин беморӣ буда, он 6 самти афзалиятнокро дар бар мегирад. Ҳар як самти афзалиятнок вазифаҳои мушаххас дошта, дар доираи иҷрои онҳо чорабиниҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд.

Амиршозода, Ш.Т., сардори Хадамоти  давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар мавзӯъи “Ба танзим даровардани масъалаҳои муқаррар намудани маъюбӣ, бақайдгирии фавти маъюбон ва махзани ягонаи иттилооти маъюбон” ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба низом даровардани  раванди таъминоти нафақаи маъюбӣ, таъмини шаффофият ва асоснокии муқаррар намудани гурӯҳи маъюбӣ аз аввали сол то инҷониб як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Айни замон дар асоси фармоишҳои муштарак боздиди маъюбӣ идома дошта, то ин давра тибқи рӯйхати тартибдодашуда аз 3376 нафар нафақагирони маъюби коркунанда ва маъюбоне, ки зиёда аз панҷ ҳадди ақал нафақа мегиранд, ба 1875 нафари он муоинаи такрорӣ гузаронида шуда,  маъюбии 508 нафар пурра қатъ, маъюбии 59 нафар сабук, 10 нафар вазнин ва маъюбии 1326 нафар такроран тасдиқ карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Насим Олимзода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳолати хатнаи кӯдакон ва роҳ надодан ба хатнаи хонагӣ, ташкили ҳуҷраҳои алоҳида барои хатнаи кӯдакон, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми додани варақаи корношоямӣ, муоинаи тиббии наваскарон, иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 «Дар бораи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ», роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, масъалаҳои муоинаи никоҳшавандагон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, муоинаи мактаббачагон, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, сафарбаркунии шаҳрвандон барои ҷарроҳӣ ба хориҷи кишвар, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 21
  • 400
  • 190,065