Дар ҷамоати деҳоти Урметан ба бунёди Маркази саломатӣ санги асос гузошта шуд

Ноябр 05
08:44 2019

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти даавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вотаи ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ба бунёди Маркази саломатӣ санги асос гузошта шуд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дода, афзуданд, ки иншооти муҳими иҷтимоӣ бо маблағгузории Барномаи Рушди СММ дар ҳаҷми 470 ҳазор сомонӣ сохта хоҳад шуд.

Бино ба иттилои манбаъ дар чаҳорчуби корҳои ободонӣ ҳамзамон дар деҳаи Урметани ҷамоати деҳоти Урметан Маркази хизматрасонии техникӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Маркази хизматрасонии техникӣ бо ташаббуси фарзандони баору номуси диёр Фарҳат Хуҷов ва менеҷери Идораи минтақавии Барномаи Рушди СММ дар ноҳияи Айнӣ Далер Назаров таъсис ёфта, дорои як комбайни ғалладарав ва як трактори МТЗ 82.1 мебошад, ки ба мардуми ҷамоат хизмат мерасонад.

Соҳибкорони маҳаллӣ дар оянда нақша доранд маркази хизматрасонии техникиро бо дигар техникаву таҷҳизотҳои зарурии хоҷагии қишлоқ мукаммал гардонанд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 146
  • 569
  • 198,219