Дар ҷаҳон зиёда аз 2,2 миллиард одамон нобиноянд ё мушкилоти қувваи босира доранд. 10 октябр — Рӯзи байналмилалии биноӣ

Дар ҷаҳон зиёда аз 2,2 миллиард одамон нобиноянд ё мушкилоти қувваи босира доранд. 10 октябр — Рӯзи байналмилалии биноӣ
Октябр 10
13:54 2019

Ҳамасола панҷшанбеи дуюми моҳи октябр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии биноиро таҷлил мекунад, ки имсол он ба 10 октябр рост омад.  Ин рӯз аз соли 2012 инҷониб дар доираи амалишавии Барномаи ҷаҳонии мубориза бо нобиноӣ ҷашн гирифта мешавад. Мақсади иди мазкур, ки аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон шудааст, ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти нобиноӣ, вайроншавии биниш ва сафедшавии қувваи босираи одамон мебошад.

Бино ба маълумоти маъхазҳои тиббӣ, қувваи босираи инсон аз узвҳои асосии бадани ӯ буда, ба чунин бемориҳо, аз қабили  чашмпарда ё хирашавии бураки чашм, оризаҳои бемориҳои асаб, оризаҳои эндокринологӣ ё оризаҳои чашм, дурбинию наздикбинӣ ва ғайра мубтало мегардад.

Тавре муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм оид ба корҳои табобатӣ Саъдулло Мардонов зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, сабаби асосии пайдоиши бемориҳои чашм ба таъсирҳои берунӣ ва дарунӣ вобаста мебошад.

«Яъне, бемориҳои чашм, ки пайдошуда (экзогенӣ) ва дарунӣ (эндогенӣ) ном доранд, яке аз таъсири муҳити беруна ба ин узв ва дигаре ба тарзи модарзодӣ пайдо мешаванд. Инчунин шахсе, ки гирифтори бемориҳои диабети қанд, фишорбаландӣ, тарбод, хун ва ғайра мебошад, мубталои маризии чашм мегардад. Риоя накардани  гигиенаи босира, инфексияҳо, осебҳо  ва истифодаи аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ, ба монанди компютер ва телефонҳои мобилӣ сабаб мегардад, ки шахс ба ин беморӣ гирифтор шавад», — гуфт мавсуф.

8 октябри соли 2019 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба ҳолати биноӣ дар ҷаҳон ҳисоботи худро нашр намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар ҷаҳон зиёда аз 2,2 миллиард одамон нобиноянд ва ё бо мушкилоти биноӣ  зиндагӣ карда, дар ҳолати бемориҳои  наздикбинӣ, дурбинӣ, оби сабз (глаукома) ва катаракта ба кумаки зарурии тиббӣ дастрасӣ надоранд».

Бояд гуфт, ки ҳисоботи мазкур фарогири таҳлили амиқи мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ буда, дар он оид ба мушкилот, дурнамои тадбирандешиҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба бемории чашм маълумот дода шудааст.

«Пиршавии аҳолӣ, тағйирёбии тарзи зиндагӣ, дастрасии маҳдуд ба кумаки табобати чашм, махсусан дар мамлакатҳои даромадашон дар сатҳи паст ва миёна сабабҳои асосии афзудани шумораи шахсони ба мушкилоти биноӣ гирифтор мегардад», — гуфта мешавад дар ҳисоботи ТУТ.

«Бемории чашм ва мушкилоти биноӣ зуҳуроти нисбатан паҳнгардидае мебошанд, ки аксаран бе табобат мемонанд»,- гуфтааст Директори генералии ТУТ доктор Тедрос Адханом.

Мавсуф бо таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи ин беморӣ дар ҷаҳон иброз доштааст, ки «одамон ба ёрии табобати бемории чашм ниёз доранд. Онҳо бояд дар ин ҷода имконияти қабул намудани хизматрасонии сифатнок дошта, ба мушкилоти молиявӣ рӯбарӯ нагарданд».

Доктор Тедрос афзудааст: «Имрӯз 65 миллион одамон аз нобиноӣ ва ё мушкилоти биниш, ки ҳатто метавон қувваи босираашонро дар як рӯз бо ёрии ҷарроҳӣ ва табобати катаракта барқарор намуд, ранҷ мебаранд. Бештар аз 800 миллион нафар аҳолӣ наметавонанд ҳаёти солим дошта бошанд, чунки онҳо имконияти харидорӣ намудани  як ҷуфт айнак надоранд. Ин ҳолат ногувор аст».

Гуфта мешавад, ки барои ёрӣ расонидан ба 1 миллиард одамоне, ки аз мушкилоти биноӣ, наздикбиниву дурбинӣ ва ё нобиноӣ ранҷ мебаранд, 14,3 миллиард доллари америкоӣ лозим аст.

Чунин гуфтаҳо дар ҳолест, ки масъалаи дастгириву пуштибонии ин қашри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон қарор дошта, пайваста аз кумакҳо бархурдор мегарданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, 15 сол муқаддам, 23 декабри соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи дастгирии молиявии мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Тавилдара, Ҳисор, Тоҷикобод ва шаҳри Душанбе» Амр ба имзо расониданд.

Мутобиқи Амри мазкур, барои мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор маблағи яквақта ҷудо гардида, он ба таъмири боми мактаб-интернат ва таъмини кӯдакон бо хӯрокӣ равона карда шуд.  Мавриди зикр аст, ки ин тадбирандешӣ хусусияти ҳамешагӣ касб намуд.

Яъне, дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор ба тасвиб расонид, ки бевосита ба дастгирии ин қишри ниёзманди аҳолӣ нигаронида шудааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, тибқи қарори мазкур барои аёдати маъюбони гурӯҳи I аз рӯи нобиноӣ 525 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо гардида, он ба 1 ҳазору 753 нафар тақдим карда мешавад.

«Ҳамзамон раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораву корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият вазифадор карда шудаанд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда нобиноёнро бо ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд», — афзуд манбаъ.

Маълумоти нашрнамудаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки теъдоди нафарони гирифтори бемориҳои чашм ва ба ташхис фарогирифташуда сол аз сол рӯ ба афзоиш мебошад.

Яъне танҳо шумораи беморони ба қайдгирифташудае, ки бори аввал ташхис шудаанд, аз 58 ҳазору 040 нафари соли 2014 дар соли 2018 ба 60 ҳазору 350 нафар расидааст.

Ба гуфтаи Саъдулло Мардонов, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати бемориҳои чашм шароит фароҳам оварда шуда, муассисаҳои соҳавӣ бо техникаву технологияи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

«Дар  даҳсолаи  гузашта  соҳаи  тандурустии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  навсозии заминаҳои  захиравию  клиникӣ,  инчунин  таҷдиди  системаи  маблағгузорӣ  ва  ташкили кумаки  муолиҷавию  профилактикӣ  самт  гирифт. Ба инкишофи соҳа  афзоиши суръати иқтисодӣ, таваҷҷуҳи  ҳамаҷонибаи роҳбарияти мамлакат нисбат ба вазифаҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, инчунин саҳми самарабахши  ҷомеаи байналмилалии донорҳо дар амри ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат шароити мусоид фароҳам овард», — омадааст дар Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, ки соли 2010 қабул гардида буд.

Дар ин ҳуҷҷати миллӣ инчунин гуфта шудааст, ки солҳои 2009-2010 дар тибби амалия як  қатор  амалҳои нав ҷорӣ карда шуданд. Усулҳои нави  ҷарроҳӣ  дар чашм яке аз ин амалҳо арзёбӣ карда мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе усулҳои тадқиқотӣ ва табобати бемориҳои чашм, ба монанди визометрия (муайян намудани тезбинии чашм), авторефкератометрия (таҳқиқи компютерии қарнияи чашм, ки дар муддати якчанд дақиқа дараҷаи пастшавии тезбинии чашмро муайян менамояд),  рефрактометрия (таҳқиқи компютерии ҳолати функсионалӣ ва муайян намудани тезбинии чашм), ретиноскопия (азназаргузаронии қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсус бо имконияти таҳқиқи шабакия, ҳалқаи асаби биноӣ ва рагҳои қаъри чашм), офталмохромоскопия (таҳқиқ намудани қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсуси ранга), биомикроскопия (муоинаи қисмҳои пеши кураи чашм (қарния, рагҳои навбаромад, хирашавии булӯрак ва ҷурми шишамонанд), тонометрия (чен кардани фишори чашм) ва линзметрия (бо таҷҳизоти махсус муайян намудани дараҷаи айнак) мавҷуд ва дастраси аҳолӣ мебошанд.

Тибқи маълумоти Агентии  омори  назди  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ҳоло шумораи марказҳои бемориҳои чашм  дар мамлакат  5 адад мебошад. Теъдоди табибони чашм аз 295 нафари соли 2014 дар соли 2018 ба  325  нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда аз зиёд шудани мутахассисони соҳа шаҳодат медиҳад.

Яке аз муассисаҳои махсусгардонидашудае, ки ба шахсони дорои мушкилоти биноӣ хизмат мерасонад, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм мебошад. Ба гуфтаи муовини директори ин марказ, дар 9 моҳи соли равон 3 ҳазору 151 нафар беморон дар он ба табобат фаро гирифта шуданд.

Ба гуфтаи Саъдулло Мардонов, аз рӯи нишондодҳои муроҷиат шахсони мубталои бемориҳои наздикбинӣ, чашмпарда ва оби марворид бештар мебошанд.

Тавре дар боло зикр намудем, яке аз сабабҳои пайдо шудани бемориҳои чашм- ин истифодаи нодуруст ва аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ, аз қабили компютер ва телефони мобилӣ мебошад.

«Бо пешрафти илм техникаҳои замонавие пайдо шуданд, ки новобаста аз доштани хусусиятҳои мусбат ба саломатии инсон таъсисри манфӣ низ мерасонанд. Яке аз инҳо компютер аст, ки дорои мавҷҳои гама ва бета буда, ҳангоми истифода бурдан онҳо ба чашми инсон таъсири манфӣ мерасонанд», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Барои ҳамин, — гуфт ин табиб,  ҳар як шахс бояд дар истифодаи телефон ва компютер  меъёри муайян гузошта бошад.

«Махсусан бояд зикр намуд, ки истифодаи компютер ва телефони мобилӣ дар ҷойҳои торик хеле зарарнок буда, пеш аз ҳама, ба чашм таъсир мегузоранд. Аз ин рӯ, масофаи байни экрани компютер ва шахси онро истифодабаранда бояд аз 58 то 70 сантиметрро ташкил диҳад. Дар акси ҳол, мушакҳои чашм монда шуда, ба вайроншавии биноӣ- пайдоиши наздикбинӣ сабаб мегарданд», — афзуд  муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм оид ба корҳои табобатӣ Саъдулло Мардонов.

Зимнан, дар мамлакат Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон мавҷуд аст, ки интернатҳои  махсусро ташкил намудааст. Имрӯз садҳо нафар нобиноён ва нафарони қувваи босираашон суст дар интернатҳои ин Иттиҳодия таҳсил менамоянд. Иттиҳодияи мазкур аз соли 1937 инҷониб фаъолият дошта, низдик ба 8 ҳазор нафар аъзо дорад.

Саъдулло Мардонов дар фарҷоми суҳбат тавсия дод, ки бояд одамон, алалхусус  насли наврас барои истифодаи дурусти технологияҳои замонавӣ омода карда шуда, ҳадди ақал соле як ё ду маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Зеро яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ муоинаи саривақтӣ ва табобати дурусти он мебошад.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар организм нарасидани витаминҳои А ва Е низ сабаби камшавии нури чашм шуда метавонад. Аз ин рӯ, ба нафарони биноии чашмашон паст истеъмоли меваҳое, ки ранги зард доранд, инчунин гӯшт ва равғани моҳӣ, ки аз ин витаминҳо бой мебошанд, тавсия дода мешавад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 27
  • 400
  • 190,071