Дастовардҳои ИМА дар бахши ҳифзи солимии модару кӯдак дар Тоҷикистон

Март 15
09:18 2017

Cафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат ва директори кишварии созмони байналмилалии «Ҳайати Шафқат» Гарретт Хаббард, шахсони расмии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони донорҳо ва дигар доираҳои манфиатдорро дар маросими таҷлили анҷоми лоиҳаи ҳаштсола оид ба ҳифзи саломатии модар ва кўдак, ки бо кўмаки молиявии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) татбиқ гардид, истиқбол намуданд.

Аз соли 2008, лаҳзаи дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ҳисор роҳандозӣ шудан, Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кўдак дар мадди аввали талошҳои USAID ва «Ҳайати Шафқат» қарор гирифта, баҳри беҳтар намудани вазъи саломатӣ, озуқа ва беҳдошти занон ва кўдакон дар сатҳи ҷамоатҳо ва ноҳияҳо амалӣ гардид.

Дар соли 2013 Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кўдак фаъолияти худро дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ҳисор анҷом дода, ба вилояти Хатлон паҳн гардид. Дар вилояти Хатлон дар давоми чор сол корҳо дар сатҳи ҷамоатҳо, деҳаҳо ва ноҳияҳо гузаронида мешуданд, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти ғизо ва беҳдошти модарон, кўдакон ва оилаҳо мусоидат менамуданд. Дар вилояти Хатлон ба туфайли талошҳои лоиҳаи мазкур беҳтар шудани сифати ғизо барои модарону тифлон ва тақвияти беҳдошту тозагӣ дар сатҳи хонавода имконпазир гардид.

Лоиҳаи “Cаломатии модар ва кўдак” имкон дод, ки қариб як миллион нафар дар Тоҷикистон ба тарзи ҳаёти солим гузаранд. Дар натиҷаи талошҳои лоиҳа корҳои зайл ба анҷом расонида шуданд: такмили ихтисоси тақрибан 15 000 корманди соҳаи тандурустӣ дар пешниҳод намудани хизматрасониҳои тавсиядиҳӣ оид ба масъалаҳои озуқаворӣ ва танзими оила; иштироки ҷамоатҳо дар беҳтаргардонии шароити озуқаворӣ ва беҳдошти гигиена; ҷорӣ шудани усулҳои муосири танзими оила; беҳтар гардидани шароити санитарӣ ва паҳн шудани одати дастшуӣ дар зиёда аз 955 мактаб ва муассисаи тиббӣ.

Дар рафти фаъолияти лоиҳа таваҷҷўҳи махсус ба навовариҳо дар соҳаи тандурустӣ, ғизо ва гигиена, аз ҷумла ба барномаи «таълими ҳамсоли худ» бо иштироки наврасон, беҳтар муҷаҳҳаз гардонидани ҳоҷатхонаҳо бо мақсади беҳтар намудани беҳдошт ва инчунин барои бо кор таъмин намудани сохтмончиёни маҳаллӣ замина фароҳам оварда равона карда шуд.

Лоиҳаи «Саломатии модар ва кўдак» яке аз лоиҳаҳои сершумори кўмакӣ мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 55
  • 314
  • 109,810