Даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ дар мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон баррасӣ гардид

Март 28
09:53 2017

Дар  мушовараи навбатии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, ки чанде қабл  доир гашт,масъалаҳои   фаъолияти сохторҳои тандурустӣҳангоми даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи  қувваҳои мусаллаҳ, таҳлили вазъи хизматрасонӣ ба занони ҳомила дар давраи антенаталӣ дар муассисаҳои КАТС-и вилояти Хатлон,  вазъи хизматрасониҳои тиббӣ дар марказҳо ва шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ,  вазъи хизматрасониҳои тиббӣ дар марказҳо ва шуъбаҳои бемориҳои дил мавриди баррасӣқарор дода шуд. Дар кори ҷаласа  менечерони сохтори госпиталӣ, кумаки аввавлияи тиббию санитарии шаҳру нохияҳо, директорони Марказҳои солимии репродуктивӣ,сартабибони комиссияи даввати-тибии ҳарбии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру нохияҳои вилояти Хатлон, директорони марказҳои таъҷилӣ ва шахсони мутасадӣ  оид ба  иҷроиши барномаҳои миллӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур Толибов З.Ш-раиси комиссияисартабибони комиссияи даввати-тибии ҳарбии комиссариатҳои ҳарбии вилояти Хатлон аз рафти иҷроиши  Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2017, №852 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба иштирокчиён маълумот дода  масъалаи таёрии ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ ва вазъи  солимии онҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Малазода С.Ҳ дар охири ҷаласа нисбат ба  фаъолияти сохторҳои тандурустӣҳангоми даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи  қувваҳои мусаллаҳ, таҳлили вазъи хизматрасонии занони ҳомила дар давраи антенаталӣ дар муассисаҳои КАТС-и вилояти Хатлон, вазъи хизматрасониҳои тиббӣ дар марказҳо ва шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ, вазъи хизматрасониҳои тиббӣ дар марказҳо ва шуъбаҳои бемориҳои дил ва   инчунин аз мушкилоти ҷойдошта сухан ронда ин ва дигар масоилро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон Малазода С.Ҳ  аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар ин самт корхороҷоннок намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=