Дилшод Саидбурҳонов – Ҳадафҳои барномаи миллии “Муқовимат бо ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2017 – 2020”

Декабр 19
10:05 2017
Дилшод Саидбурҳонов
Дилшод Саидбурҳонов

Бо ВМНО низ метавон арзанда зиндагӣ намуд. 

Дар баробарион ҳама дастовардҳову пешравиҳои соҳаи тиб дар сийёра, ҳамзамон ба миён омадани бемориҳои нав ба нав миёни бошандагони олам боз ҳам кушиш ва талоши башарият бахусус мутахассисони сохаи тибро дар пешбурди соҳа  талаб менамояд.  Агарчӣ тули таърих маризиву бемориҳои гунонуг аз қабили маризиҳои сироятӣ ба нобуд гардонидани  ҳазорон нафар боис гардиданд, вале бо заҳмату талошҳои мутахасисони соҳаи тиб билохира баъд аз гузашти муддатҳо давову роҳҳои табобати бемориҳои муҳталифи сироятӣ пайдо гардид. Аммо  имрӯзҳо низ баъзе аз номгӯи бемориҳо бахусус маризиҳои сироятӣ барои ҷаҳониён табобатнашаванда унвон гардидаву шояд як муддате чун ҳамешагӣ барои мутахасисони тиб муаммои сарбаста эътироф гардад. Дар мисол метавон бемории ВИЧ СПИД ё худ Вируси норасоии масъунияти одам (ВМНО) ро далел овард. ВМНО бемории сироятиест, ки тулӣ даҳсолаҳост, ҳазорон нафарро ба доми марг кашидаву кашида истодааст. Аммо мутаасифона ин  беморӣ дар баробари он ҳама талошҳои шабонарузии олимону мутахасисони соҳаи тиб чиҳати дарёфти роҳҳои табобат бенатиҷаи дилхоҳ боқӣ мондаву ҳамчун маризии табобатнашаванда эътироф гардидааст. Агар бемории ВИЧ СПИД аз замони пайдоиш дар як муддати начандон тулонӣ дар ҷаҳон доман паҳн намуд, вале аввалин нафари гирифтор ба ин намуди беморӣ дар Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шуд ва имрӯз ҳеҷ кишваре ё ҷамъияте  нест, ки аз ВМНО дар амон монда бошад. Агарчӣ пайдоиши ВНМО дар Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шуд, вале ин маризӣ ё худ ин вабои замон дар ин муддати начандон тулонӣ яъне то ба имрӯз садҳо нафарро  сироят намудаву даҳҳо нафарро қурбон сохтааст. Аз рӯи маълумоти расмӣ имрӯз шумораи гирифторони бемории ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон  6782 нафар  гуфта мешавад. Аз рӯи бархе аз сарчашмаҳо имрӯзҳо роҳҳои зиндагонӣ бо ин маризӣ ва ҳатто ба дунё овардани тифли солим аз модари гирифтори ВНМО имконпазир гаштааст. Ҳамин буд, ки ҷиҳати то куҷо ҳақиқат доштани ин гуфтаҳову дарёфти маълумот аз шарту шароити муҳаёгардида барои мубталоёни ВИЧ СПИД дар кишвар бо Дилшод Саидбурҳонов, муовини директори “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВМНО”суҳбат оростем.

Агар ВНМО имрӯз дар сайёра ҳамчун вабои забон шинохта шавад, пас давлат ва ҳукумати кишвар дар мубориза алайҳи ин вирус то куҷо имконот барои мутахасисон фароҳам сохтааст ва чӣ барномаҳои ималие рӯи даст гирифта шудааст?

Воқеан таи солҳои аввали пайдоиши ин маризӣ  дар Тоҷикистон имконоти дарёфти шахси сироятёфта аз ВМНО ва таҷҳизоти соҳаву таваҷҷуҳи зарурӣ вуҷуд надошт, вале имрӯзҳо фаъолият дар ин самт мувофиқ ба талаботи давр аст. Таваҷҷуҳӣ давлат низ дар пешгириву саривақт дарёфти шахси сироятёфта зиёд ба назар мерасад. Ҳамин буд, ки қабул гардидани барномаи миллии “Муқовимат бо ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2005 – 2010”,  барномаи миллии “Муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2011- 2015” ва чанде қабл пешниҳод гардидани лоиҳаи     барномаи миллии  “Муқовимат бо ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2017 – 2020”,   далел ба таваҷҷуҳи ҳукумату давлат ҷиҳати муқовимат бо ин вабои замон аст. Умуман  имрӯзҳо тамоми шароиту ҳучатҳо дар самти ҳифзи талабот ва ҳуқуқи сироятёфтагон дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Лоиҳаи     барномаи миллии  “Муқовимат бо ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2017 – 2020”,   бештар ба кадом самт равона шудааст?

Ин  Барнома вобаста ба ҳолати эпидемиологии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар кишвар, таҳлили маълумот оид ба фаъолияти соҳа нисбат ба пешгирии ин сироят, ки дар доираи иҷрои барномаи қаблӣ дар солҳои 2011-2015 амалӣ гардида буданд, таҳия шудааст.  Тоҷикистон   соли 2001 «Аҳдномаи пайравӣ ба фаъолиятҳоро дар самти мубориза бо вируси норасоии масунияти одам» қабул намуда, дар қатори дигар давлатҳои дунё яке аз аввалинҳо шуда, «Стратегияи миллии рушд»-ро, ки дар он мубориза бар зидди ин эпидемия дар мувофиқа бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола нишон дода шудааст, таҳия ва мавриди амал қарор дод.

Лоиҳаи  Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин агентиҳои СММ, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, сохтори хусусӣ ва ғайра таҳия гардидааст.  Барнома ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020»-ро инъикос намуда, чораҳоро баҳри таъмини дастрасии  аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО дар бар мегирад. Ҳамчунин ҳадафи асосии лоиҳаи Барнома таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО ба шумор меравад. Лоиҳаи барномаи пешниҳод гардида аз 6 самти афзалиятноки фаъолият, аз ҷумла, пешгирии ВНМО, тесткунонӣ оид ба  ВНМО ва ҳамбастагӣ бо тартиби пешниҳоди кумак, табобат ва расонидани кумак вобаста ба сирояти ВНМО, бехатарии хун ва назорати сироятҳо, мустаҳкам намудани низоми тандурустӣ ва шароити мусоид иборат буда, ҳар яке аз самтҳои афзалиятноки он вазифаи асосии худро доро мебошанд.

Имрӯз вазъи паҳншавии ВНМО миёни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом сатҳ  аст?

Имрӯзҳо  маризии  ВНМО дар кишвар ба пуррагӣ зери назорат аст. Эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон дар ҳоли ҷамъшаванда қарор дорад. ВИЧ СПИД дар бештари ҳолат миёни бонувони хиёбонӣ, мардони ҳамҷинсгаро,   маҳбусон, муҳоҷирони меҳбатӣ ва занони ҳомиладор ба назар мерасад.

              Ягона омиле, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи чаҳон гардидааст, ин ба маротиб афзудани шумораи гирифторони ВНМО аз ҳисоби ҷинси  латиф  мебошад. Мехостем вазъи беморони ВНМО дар  Тоҷикистонро бо қишрҳо шарҳ диҳед.

Умуман таи 25 соли охир 67,4% и мубталошудагон ба ВНМО ро  мардон ташкил медиҳанд ва 32,6% занон мебошанд. Аз шумораи умумии бақайдгирифташуда  2261 нафар дар шаҳри Душанбе  рост меояд,  315 нафар дар ВМКБ, 1302 нафар дар ноҳияҳои тобеи ҷумхурӣ, 1643 нафар дар вилояти Хатлон, 1249 нафар дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Агарчӣ қисми беши    сироятёфтагонро мардон ташкил диҳанд, вале сол аз сол доман паҳн намудани ин беморӣ миёни табақаи занон низ ба назар мерасад.

             Маълумоте ба дасти мо расид, ки имрӯзҳо мувофиқ ба дастовардҳои дар соҳа вуҷуддошта  аз модари гирифторӣ  ВНМО кӯдаки солим ба дунё овардан имконпазир гаштааст. Оё чунин фактҳо вуҷуд дорад?

Бале имрӯзҳо ҷаҳон ба дастоварде ноил гардид, ки бо истеъмоли дорувории муаяни ихтироъгардида, аз модари сироятёфта кӯдаки солим ба дунё овардан мумкин аст. Ҳатто агар нафари сироятёфта саривақт ва дорувории муқараргардидаро истеъмол намуда ба талабот риоя намояд ҳатто зимни алоқаи ҷинсӣ рақиб сироят наёбад. Барномаи “Пешгирии паҳншавии ВМНО аз модар ба кудак” соли 2008 қабул гардид ва соли2010 мавриди амалкард қарор гирифт. Тибқи ин барнома занони ҳомила бояд дар давраи се моҳаи  аввали ҳомиладорӣ аз ташхис гузаранд. Таҷриба нишон дод, ки дар кишвар зиёда аз 314 кудак аз модари сироятёфта солим ба дунё омаданд ва зиндагӣ ба сар мебаранд.

           То ҷое ба мо муайян аст, имрӯз дар Тоҷикистон 6782 нафар сокинони бо вируси ВМНО умрбасарбаранда ба қайд гирифта шудааст. Мегуфтед, ки аз замони пайдоиш то ба имрӯз чанд нафар сокинони кишвар  аз  ВИЧ ПСИД фавтидаанд?

Агар ба таври   умумӣ назар афканем, аз замони пайдоиши ВМНО дар Тоҷикистон яъне аз соли 1991 то ба имрӯз шумораи гирифторшудагон ба ин намуди маризӣ 8750 нафар ба қайд гирифта шудааст. Имрӯз бошад шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда 6782 ро ташкил медиҳанд.   Мутаасифона  аз замони бақайдгирии ин беморӣ 1968 нафар аз ин маризӣ ба ҳалокат расидаанд.

Аз сӯҳбате, ки мо бо Дилшод Саидбурҳонов муовини Директори “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВМНО” доштем бар меомад, ки имрӯз агарчи ВНМО ҳамчун бемории табобатнашаванда унвон гардидааст, вале имконоту дурнамои ба сар бурдани зиндагии арзанда бо ин вирус барои нафари сироятёфта вуҷуд дорад, вале аз сӯҳбатҳое, ки бо сокинон доштем бармеомад, ки аҳолӣ то ба имрӯз шояд аз ифшои ин маризии худ худдорӣменамояд  ё аз риояи талаботи бар дӯшгузошта саркашӣмекунанд. Албаттасаркашӣ намудан аз истеъмоли дорувориву риоя накардан ба талаботи барзиммагузошта танҳо ҷабру ситам бар худ ҳасту халос. Бояд таъкид намуд, ки имрӯзҳо дар кишвар муоинаву  табобат ва дар умум кулли хизматрасониҳо барои гирифторони ВНМО ройгон ба роҳ монда шудааст.  Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  45 марказҳои дарёфт ва пешгирии ВНМО фаъолият менамоянд, ки онҳо бо тамоми шароит ва таҷҳизоти муосир таъмин ҳастанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=