Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон рушд менамояд

Феврал 05
08:04 2018

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара  қарор дорад, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 феврали соли 2016 бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи шаҳру навоҳии  кишвар бо мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Боиси хушнудист, ки ин Донишгоҳи тозабунёд дар ҳоли рушду фаъол гаштан қарор дорад.

Ректори Донишгоҳи мазкур   Убайдулло Қурбон зимни баргузории нишасти матбуотии ин ниҳод, ки чанде қабл баргузор гардид, гуфтааст, ки айни ҳол дар ин  муассисаи олии касбӣ 715 нафар донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 63 нафар профессорону омӯзгорон илми тиб  меомӯзонанд. Дар Донишгоҳ 4 шуъба, 2 Шӯро, 1 марказ, 6 кафедра, 3 факултет, 1 китобхона, 3 ташкилоти ҷамъиятӣ ва бахши хоҷагидорӣ фаъолият мекунад.

Убайдулло Қурбон зимни суханронии хеш аз хусуси натиҷаҳои имтиҳоноти сессияҳои зимистонаву тобистона, маъракаи қабул-2017,  фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, дастовардҳои донишҷӯён, фаъолияти муолиҷавӣ, тарбиявию фарҳангӣ, ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва корҳои хоҷагидорӣ изҳори андеша намуда, намояндаҳои Васоити ахбори оммаро ба ҳамкориҳои дуҷониба даъват намуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 287
  • 616
  • 32,439