Доруҳои пастсифату муҳлаташон гузашта мусодира ва ба коми оташ андохта шуданд

Доруҳои пастсифату муҳлаташон гузашта мусодира ва ба коми оташ андохта шуданд
Декабр 29
07:41 2017

Кормандони намояндагии Хадамоти назорати фармасевтии ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади пешгирӣ ва аз муомилот берун кардани доруҳои пастсифат ва муҳлаташон гузашта санҷиши навбатӣ баргузор карданд. Роҳбари ин намояндагӣ дар вилоят Зуҳро Олимшоева гуфт, ки «фурӯхтани дору бар дӯши инсон масъулияти бузург мегузорад. Зеро дар бисёр маврид як дона доруи асил ва пок метавонад бемори рӯи бистарро ба по хезонад. Аммо доруи пастсифату қалбакӣ метавонад дардро шадидтар созад. Доруфурӯш, пеш аз ҳама,  бояд дар бораи саломатии одамон фикр кунад ва баъд аз он дар бораи тиҷорати худ».

Мутаассифона,  аснои санҷиш аён гардид, ки на ҳамаи дорухонаҳо ин меъёри муҳимро риоя мекунанд. Давоми як ҳафта сифату муҳлати дорувории 58 муассисаи фармасевтӣ ва 31 муассисаи табобатии вилоят  мавриди санҷиш қарор дода шуд.  Аз дорухонаҳои шаҳру ноҳияи вилоят 94 навъи дору, ки бештарашон барои кӯдакони бемор тавсия дода мешаванд, мусодира шуданд.

Ба гуфтаи Зуҳро Олимшоева, ҳангоми санҷиш 933 адад доруворӣ аз муомилот берун карда шуда, шахсони масъул ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Ҳамчунин мутахассисони намояндагии мазкур сифати маводи ороишии чанд мағоза ва кошонаҳои ҳуснро санҷида, 8 номгӯй маводеро, ки ба талаботи меъёрҳои фармасевтӣ ҷавобгӯ набуданд, ошкор карданд. Ин муассисаҳои хизматрасонӣ низ ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Тамоми маводи мусодирашуда пас аз ташхис ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба коми оташ андохта шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 167
  • 246
  • 109,070