“Духтурон бидуни марз” Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро таҷлил намуд

“Духтурон бидуни марз” Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро таҷлил намуд
Июн 06
10:09 2019

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Беморхонаи шаҳрии кӯдакони бемории сил дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо волидайн ва парасторони беморон, кормандони соҳаи тиб ва ҳайати кормандони Ташкилоти башардӯстонаи тиббии Духтурон бидуни марз бо баргузор намудани як чорабинии фароғатӣ таҷлил карда шуд.

Ин чорабинӣ барои кӯдакони гуногунсоле ташкил шуда буд, ки айни ҳол аз бемории сили ба доруҳо устувор (БС ДУ)  яъне он шакли бемории сил, ки доруҳои муқаррарӣ ба он таъсир намекунанд, табобат гирифта истодаанд.

Чунин як чорабинии дигар санаи 4-уми июн дар ҳуҷраи бозиҳои табобатӣ, воқеъ дар Шӯъбаи кӯдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои сил, шушҳо ва ҷарроҳии қафаси сина» низ барои кӯдаконе, ки дар он ҷо табобат гирифта истодаанд, гузаронида шуд.

Дар ин рӯз кормандони Ташкилоти башардӯстонаи  тиббии Духтурон бидуни марз ҳавлии беморхонаро бо пуфакҳо ва лентаҳои рангоранг оро  доданд, то ин, ки муҳити хушҳолӣ ва идона ороста гардад ва сиҳатмандӣ ва некӯаҳволии кӯдакон ҷашн гирифта шавад.

Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони маркази дилхушии кӯдакон-«Алладин» кӯдаконро ба бозиҳо ва муаммоҳои гуногун ва ба нақшбозиҳо аз рӯи қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ ва ичунин ба рақсу бозӣ ҷалб намуданд.

Инчунин дар чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти башардӯстонаи тиббии  Духтурон бидуни марз барои ҳар як кӯдаки иштироккунанда як шишагӣ об ва тӯҳфаи хурди “қуттичаи шириниҳо”, яъне сумкачае, ки дар дарунаш  қанду қонфет, кулчақандҳо, себ ва афшураи мева дорад, тақдим карда шуд. Илова ба чорабиниҳои дилхушӣ, гурӯҳи кормандони кӯмакрасонии сиҳатии равонӣ бо наврасон ва волидайни онҳо сӯҳбату муҳокимаронӣ гузарониданд, то бифаҳманд,  ки раванди табобати онҳо чӣ тавр гузашта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки ин чорабинии махсус илова ба он ҷашнгириҳои муқаррарие сурат гирифт, ки барои кӯдакон ҳангоми давраи табобати беморхонавӣ буданашон ташкил карда мешаванд. Масалан, дар рӯзи мавлуди кӯдакони бемор ба онҳо ягон тӯҳфаи хурди зодрӯзӣ туҳфа карда мешавад. Ин чорабиниҳои иловагӣ ба хотири он ташкил карда мешаванд, ки кӯдакон барои пушти сар кардани мушкилиҳои табобат ва баргаштан ба ҳаёти муқаррарӣ руҳбаланд ва ҳавасманд карда шаванд.

Ташкилоти башардӯстонаи тиббии Духтурон бидуни марз ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 ин ҷониб дар шаҳри Душанбе лоиҳаи “Табобати ҳамаҷонибаи бемории сил дар байни кӯдакон”-ро амалӣ намуда истодаанд, ки мақсадии асосии он аз беҳтар кардани ташхис ва табобати бемории сили ба доруҳо усутвор (БС ДУ) дар байни кӯдакон ва беҳбуд бахшидани дастрасӣ ба табобати ҳамаҷонибаи бемории сил  иборат мебошад.

Илова ба фаъолияте, ки вобаста ба бемории сил дар шаҳри Душанбе амалӣ карда мешаванд, Ташкилоти башардӯстонаи тиббии Духтурон бидуни марз ичунин барномаи ВНМО-ро барои кӯдакон ва аъзоёни оилаи онҳо дар шаҳр ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб амалӣ намуда истодааст.

Барномаи ВНМО, ки дар соли 2015 оғоз карда шудааст, фаъолияташро асосан ба санҷиш ва табаобат, кӯмаки равонӣ-иҷтимоӣ, баланд бардоштани иқтидори кормандони маҳаллӣ ва инчунин барои беҳтар гардонидани чораҳои назорати сироятӣ дар муассисаҳои тандурустӣ равона сохтааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 138
  • 569
  • 198,211