“Дӯкони саломатӣ” бо мақсади пешгирии бемориҳои рӯъдаю меъда миёни ноболиғон

Июн 12
10:38 2017

Бо мақсади  пешгирии  гирифторшавӣ ба бемориҳои рўъдаю меъда, ки дар фасли гармо мубталоёни он ба маротиб меафзоянд,  «Маркази   ташаккули тарзи ҳаёти солим» -и вилояти Суғд    бо дастур ва супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша- чорабиниҳои  вилоятӣ оид ба пешгирии бемориҳои шадиди рӯъдаю меъда тартиб дода дар асоси он минбаъд кормандони ин ниҳод ба лагерҳои истироҳатӣ сафарбар мегарданд.

Гуфта мешавад табибон мувазаф мегарданд, ки дар марказҳои истироҳатии кӯдакона нисбати пешгирии бемориҳои шадиди рӯдаю меъда, гигиенаи шахсӣ ва амсоли онҳо бо иштироки мураббиёну истироҳаткунандагон мулоқоту вохӯриҳои судманд  барпо намоянд.

Вобаста ба чорабинии андешидашуда  дар майдони Регистони  бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд  аз тарафи Марказ “Дӯкони саломатӣ” ташкил карда шуда ба аҳолӣ оид ба  пешгирии ин беморӣ маслиҳатҳои муфид дода шуда ба онҳои маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Гуфта мешавад ин чорабинӣ то ҷамъбасти давраи таътили тобистонаи хонандагон идома хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 84
  • 294
  • 180,446