Ба 4060 ниёзманд хизмати иҷтимоӣ расонида шуд

Ба 4060 ниёзманд хизмати иҷтимоӣ расонида шуд
Июл 30
08:11 2019

Ҷиҳати таъминоти маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар ҷумҳурӣ ягона Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ” дар шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кўлоб ва Хоруғ фаъолият менамояд. Иҷрои нақшаи истеҳсолии корхона дар якҷоягӣ бо филиалҳояш  дар шашмоҳаи аввали соли 2019 109% иҷро гаштааст.

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи корхонаи мазкур ба ниёзмандон 96 адад аробачаи маъюбӣ, 379 адад асо, 128 чуфт асобағал,  169 адад асобағал то оринҷ, 27 дона дастгоҳи шунавоӣ, 66 адад асо барои нобиноён ва 57 адад роҳгардак (ходунок)  дастрас гардонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхона дар маҷмўъ ба 4060 нафар  ниёзмандон хизмати иҷтимоӣ расонида шуд, аз ҷумла ба 2391 нафар ниёзмандон бо  се вақт хўроки гарм ва ба  68 нафар аз рўи тартиб роҳкиро дода шуд.

Ғайр аз ин, аз ҳисоби маҳсулоти хайриявӣ, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша ба корхона пешниҳод гардидаанд, ба 252 нафар маъюбон маҳсулоти протезию ортопедӣ дастрас  карда шудаанд: аз ҷумла, протези пой ба 15 нафар; ортези пой ба 172 нафар, таъмири протез  ва ортез  ба 19 нафар, роҳравак ба 24 нафар, миз ва курсӣ ба 18 нафар, ортези миён ба 3 нафар ва ортези даст ба 1 нафар.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 187
  • 231
  • 173,852