ЗАНГ БИЗАН! Дар шаҳри Турсунзода Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории COVID- 19 таъсис дода шуд

ЗАНГ БИЗАН! Дар шаҳри Турсунзода Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории COVID- 19 таъсис дода шуд
Май 18
12:46 2020

Бо ташаббуси раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода дар шаҳр Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) таъсис дода шуд. Дар марказ мутахассисони соҳаи тиб ба суолҳои сокинон посух медиҳанд.  Агар шаҳрвандони шаҳрро ягон нишонаи беморӣ азият диҳад ва ё вобаста ба пешгирии паҳншавии бемори сироятии коронавирус маълумоти иловагӣ гирифтан хоҳанд, ба Маркази машваратӣ дар тамос мешаванд.

Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) инчунин ба сокинон   чиҳати дарёфти  табибони минтақавию оилавӣ кумак мерасонад.  Мақсади Марказ ҳамоҳангсозии фаъолият миёни корафтодагон ва табибон мебошад.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи аҳли башар ба масъалаи пешгирии пандемияи COVID-19 равона шудааст. Олимон дар пайи ҷустуҷӯи ваксина, табибон аз пайи муолиҷаи маризон, саховатпешагон мададгори ниёзмандон буда, дар маҷмӯъ, тамоми неруи некандеш  дар ҳамкорӣ алайҳи  пандемияи COVID-19 мубориза мебаранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 79
  • 547
  • 359,018