Заргаре, ки табиби ҷаҳонӣ шуд

Заргаре, ки табиби ҷаҳонӣ шуд
Май 06
10:03 2019

Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣяке аз ситораҳои дурахшони илми ҷаҳонӣ, олими энсиклопедисти барҷаста, файласуф, табиб, омӯзгор, риёзидон, кимиёгар ва табиатшиноси машҳури асри IX-и форсу тоҷик ба шумор рафта, илми тибро ба дараҷае мукаммал омӯхт ва табиби ҳозиқ шуд, ки муосирон ӯроҶолинуси арабномидаанд. Истеъдоди нодир ва дилбастагӣ ба касби табибӣ Розиро ҳанӯз дар замони худаш маъруфу машҳур сохта, осоре ки аз ӯ боқӣ мондааст, ба ҷумлаи осори гаронарзиши таърихии тибби ҷаҳон шомил гардидааст. Закариёи Розӣ сардухтури бемористони шаҳри Рай ва садри бемористони асосии хилофати Бағдод низ буд. Номбурда осори илмии бисёр духтурони намоён, аз ҷумла мероси дастпарварони Академияи Ганди Шопурро ба хубӣ медонист ва мукаммал аз бар карда буд.

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ 28 августи соли 865 мелодӣ  дар шаҳри Рай,  дар оилаи косиб ба дунё омада, солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Рай мегузарад.

Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб-ал-мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр ба касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, як давраи муайян бо ҳаваси кимиёгар шудан дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯро ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид».

Розӣ аз овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе дошта, ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзӣ ӯро дақиқае тарк намекарданд.

Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ба ғайр аз кимиёгар буданаш, ҳамчунин бо маҳорати бузурги тиббӣ ва осори бойи абадзиндаи илмиаш на танҳо дар пешрафт ва равнақи тиббу табиатшиносии олам саҳми ниҳоят бузург дорад, балки ӯ дар таърихи илму маданияти ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Китобу рисолаҳои эҷоднамудаи ӯ ба таълиму тарбияи кимиёгарон, табибон, барои сохтмони табобатхонаҳо, муолиҷаи бемориҳои алоҳида, тартиби хӯроку об ва дигар масъалаҳое, ки барои ҳифзи саломатии инсон заруранд, бахшида шудаанд. Бояд гуфт, ки дар он замон амалияҳои тиббӣ ба амалияи кимиёвӣ алоқаманд буд, бинобар ин асарҳои Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ба кимиёгарӣ ва тибби имрӯза низ иртиботи қавӣ доранд.

Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар боби тиб зиёда аз 60 асар таълиф кардааст, ки муҳимтарини онҳо «Китоб-ул-ҳовӣ» ва «Китоб-ут-тиб-ул-мансурӣ» (бо номи «Алқонун-ул-мансурӣ» низ ёд мешавад) буда, тамоми шохаҳои илми тибро дар асри ӯ фаро гирифтаанд ва ба инкишофи минбаъдаи илми мамлакатҳои  Шарқи мусулмонӣ таъсири калон расонидаанд. Ин асарҳо дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар тӯли чандин аср барои табибони Ғарб дастури аввалиндараҷа буданд.

Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар асарҳояш – «Ат-тибб-ул-мулукӣ» ва «Тибб-ул-фуқаро» шаклҳои табобати фардиро тарғиб кардааст. Аз ҷумла, дар «Тибб-ул-фуқаро», ки барои омма навишта шудааст, намуди бемориҳо, роҳ ва воситаҳои осони дар шароити хона пешгирӣ ва табобат кардани онҳоро тасвир кардааст.

Розӣ дар «Китоб-ул-ҷадарӣ ва-л-ҳасба» ном асараш нахустин бор бемориҳои нағзак, сурхак ва роҳҳои табобати онҳоро ба таври возеҳ тасвир карда, нишон додааст, ки ин бемориҳо такрор намешаванд, яъне як нафар ду бор гирифтори нағзак ва сурхак нахоҳад шуд. Китоби мазкур  бо забонҳои лотинӣюнонӣанглисӣ ва немисӣ тарҷума шуда, зиёда аз 40 маротиба нашр гардидааст.

Қобили зикр аст, ки маҳз пас аз нашри густурдаи китобҳои ӯ, олимони Ғарб усулҳои табобати бархе бемориҳоро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, олими англис Ҷекнер баъди нашри англисии асари «Китоб-ул-ҷадарӣ ва-л-ҳасба»-и Закариёи Розӣ усулҳои табобати обила ва сурхакро пешниҳод кард.

Розӣ аз нахустин табибони ҷаҳониест, ки тибро ба таҷриба ва амалия пайваст. Ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ кардани таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза маъмул аст, ба анҷом расонид ва дар ин бора  «Китоб-ул-ҳовӣ»-ро эҷод намуд.

Ӯ инчунин дар соҳаи ҷарроҳӣ низ чандин ихтироъ ва кашфиёт дорад. Аввалин бор асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро пешниҳод  кард, пахтаро барои бастан ва зеҳро барои дӯхтани ҷароҳат ба кор бурд.

Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ тавсия дода буд, ки ҳангоми ҷарроҳии саратони беруна бофтаҳои атрофи онро ҳарчи бештар бурида, ҷояшро доғ кардан зарур аст. Мавсуф бо вуҷуди дониши олидараҷааш оид ба ҳама воситаҳои муолиҷа, тарафдори он буд, ки бемориҳо то ба ҳадди имкон бо дору ва васоити одитарин низ табобат карда шаванд. Ӯ гуфта:

«Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст».

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар илми тиб пешниҳодҳои муҳим намуда, ба даст овардани тезоби сулфат ва спиртро ба роҳ монд. Ӯ спиртро бо коркарди маводи қандиву нашоиста ва тезоби сулфатро бо таҷзияи зочи сабз ба даст овард. Зочи сабзро метавон сулфати мис донист, чунки ҳамаи намакҳои тезоби сулфатро дар он замон зоч ё зок ном мебурданд.

Хулласи калом, ягон соҳаи тибби назариявӣ ва амалии ҳамон замон нест, ки Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ба инкишофи он таъсир нарасонда бошад.

Дар маъхазҳо омадааст, ки ӯ барои дармони дарди чашми худ назди каҳҳоле рафт. Каҳҳол барои дармон понсад динор талаб кард ва ӯ ночор онро бипардохт. Сипас бо худ гуфт, ки «кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад-он машғулӣ».

Баъдан аз илми кимиё дурӣ ҷуст ва ба илми тиб пардохт. Ба иттилои тазкиранависон, Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ таҳсилоти худро анҷом дод ва ҳатто бархеҳо тахмин кардаанд, ки ӯ пас аз чилсолагӣ ба кутуби тиббӣ ва фалсафӣ рӯй оварда, пасон барои фаро гирифтани нозукиҳои улуми тиббӣ ва фалсафӣ ба Бағдод омад. Бағдод дар он рӯзгор маркази мутарҷимони забардасти осори илмии юнонӣ, сурёнӣ ва арабӣ буд.

Вуҷуди бемористонҳо дар замони Ҳорунаррашид (хилофаташ солҳои 786 -809) ва Баромика боиси фароҳам омадани имконоти хубе барои мутолиоти Закариёи Розӣ гардид. Бархе аз сарчашмаҳо  навиштаанд, ки ӯ бемористони Аздиро дар Бағдод идора мекард. Ин ҳамон бемористоне будааст, ки Бадр – ғуломи Муътазид (хилофаташ солҳои 892–902) дар асри IX бунёд карда будааст, ки баъдан бо номи «Бемористони Муътазидӣ»  ном пайдо карда, вале бо мурури айём ба «Аздӣ» маъруф гаштааст.

Баъди анҷоми таҳсили тиб дар Бағдод Закариёи Розӣ ба саёҳати Мисру Испания ва  дигар мамлакатҳо баромада, тибқи сарчашмаҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон ва пойтахти  давлати Сомониён – шаҳри Бухоро чанде иқомат кардааст. Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар мубоҳисаҳои илмӣ ширкат варзида, дар мамолики сафаркардааш комёбиҳои илму маданиятро омӯхт ва ба инкишофи онҳо саҳми муайян гузошт,  инчунин дар бисёр мамлакатҳо шогирдонро ба камол расонд. Номбурда табиби хосаи ҳокимони мухталифе буд, ки аҳли бисёр мамлакатҳо ӯро ба сифати духтури беҳамто мешинохтанд ва ҳокимонашон ӯро ба назди худ мехонданд.

Закариёи Розӣ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст, ки мутаассифона  аксарияти онҳо несту нобуд гардида ва имрӯз фақат 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондаасту халос, ки аксарияташон  ба забони арабӣ нигошта шудааанд. Осори бойи Закариёи Розӣ аз 164 то 234 номгӯй асарҳои хурду калонро ташкил дода, мероси ба тиб бахшидаи ӯ зиёда аз 60 китобу рисолаҳоро дар бар мегирад.

Ба муҳимтарин асарҳои энсиклопедии донишманд «Китоб-ул-ҳовӣ» ва «Китоб-ут-тиб-ал-мансурӣ» дохил мешаванд. Китоби якум аз 30 ҷилд иборат буда, тамоми шохаҳои тибби назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад.

Дар китоби мазкур назария ва комёбиҳои пешқадами илми тибби қадимаи юнонӣ, ҳиндӣ, арабӣ, форсиву тоҷикӣ, дар навбати аввал таҷрибаи амалии худи ҳаким гирд оварда шудааст. Ин асар соли 1279 ба забони лотинӣ тарҷума ва дар соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Такроран ин шоҳасар ба забони лотинӣ боз ду маротиба дастраси табибону донишмандони мамолики зиёди ҷаҳон гардидааст.

Номи Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар таърихи илми тибби башар бо ҳарфҳои заррин навишта шудаву имрӯз ӯ муаррифгари миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Номи чунин фарзандони нобиғаи миллати тоҷик ҳазорсолаҳо боз ба забон оварда шуда, хизматҳои бузурги онҳо дар пешрафти илму ҳаёти башарият ҷовидона қадр карда мешавад.

Таҳияи

Хусрав Шоҳсаидов

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 198
  • 219
  • 150,070