Феврал 12
11:41 2018
Чанде қабл бо мақсади таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа, дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон “Корвони саломатӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Чораандешии мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” рӯи даст гирифта шудааст.
“Корвони саломатӣ” бо иштироки доираи васеъи мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ ташкил гардида, дар рафти кори он зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни ин боргоҳ аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд.