Зиёда аз 400 ҳазор килограмм маҳсулоти пастсифату шубҳанок аз муомилот бардошта шуд

Декабр 19
13:06 2017

Дар самти назорати давлатии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва инчунин  назорат дар  таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи Хадамоти  назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологӣ  ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   мунтазам санҷишҳо   гузаронида мешаванд. Ин матлабро дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар»  муовини сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологӣ Ҷӯрахон Бобохонзода иброз доштааст.

Ба зикри номбурда, мутахассисони Хадамот ҳангоми санҷишҳо  дар баъзе ҳолатҳо тибқи тартиби муқарраршуда, бо истифода аз  асбоби озмоишгоҳӣ низ  санҷишҳо мегузаронанд.  Ҳангоми санҷишҳо давоми 11 моҳи соли равон   384 ҳазору 61 килограмм маҳсулоти хӯрокии пастсифату шубҳанок муайян  карда шуданд.

Инчунин гуфта шудааст, ки аз тарафи мутахассисони Хадамот ҳангоми аз 1 то 20 декабр гузаронидани санҷишҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   зиёда аз 400 ҳазор килограмм маҳсулоти пастсифату шубҳанок   аз муомилот бардошта шуданд. Ҳамзамон нисбат ба шахсоне, ки барои ба муомилот баровардани чунин хӯроквории пастсифат ва ба  ҳаёту саломатии инсонҳо зарарнок даст задаанд, тадбирҳои мушаххас дар намуди ҷарима ва ҷазои маъмурӣ муқаррар шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба онҳо татбиқ карда мешаванд.

Ҳамчунин ҳамсуҳбат зикр намуд, ки давоми соли равон шахсоне, ки дар таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ба   қоидавайронкунӣ роҳ додаанд, ба маблағи 1 миллиону 346 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд ва ин маблағ  ба буҷаи давлат ворид карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки чанде қабл аз истеъмоли ғизои олуда аъзои як хонавода дар ноҳияи Восеъ заҳролуд шуда, дар натиҷаи ин як нафар аз ин оила фавтида буд.

Оид ба ин масъала мутахассиси пешбари бахши гигиенаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоиршоҳ  Ишратов чунин иттилоъ дод: «Баъд аз ҳодисаи дар ноҳияи Восеъ рухдода аз ҷониби Хадамот ва Маркази назорати    давлатии санитарию эпидемиологии   вилояти Хатлон дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа ва минтақаи Кӯлоб гурӯҳи фаврии корӣ ташкил гардида,  ба он ҷо равона карда шуд. Мутахассисони тиб беморонро ташхис намуда, ҳамчунин аз хонаи онҳо низ дидан карданд.  Алалхусус мутахассисон барои сари вақт муайян кардани сабабу омилҳои пайдоишу афзоиши бемориҳои сироятӣ   на танҳо он чизе, ки ин оила  истеъмол кардааст, балки ҳолату вазъияти вазъи иҷтимоии ин хонавода ва  самти фаъолияти кории онҳоро низ санҷиданд».

Хамчунин зикр карда шуд, ки аз тамоми маводи хӯроквории ин хонадон барои санҷиши озмоишгоҳӣ намуна гирифта шуда, айни ҳол ин намунаҳои хӯрокворӣ дар озмоишгоҳи  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди санҷиш қарор доранд.

Ба гуфти номбурда,  дар ин ҳодиса, ки   маҳсулоти хӯрокии  ҳасиб   гумонбар шуда буд, аз тарафи  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, воқеъ дар минтақаи Кӯлоб,  фурӯши маҳсулоти номбурда дар ҷойҳои савдо боздошта шуда,  фаъолияти ин коргоҳ  манъ карда шуд.

Ба иттилои мутахассиси пешбари бахши гигиенаи Хадамоти мазкур Зоиршоҳ  Ишратов,  соли равон аз ҳисоби заҳролудшавӣ аз истеъмоли маводи хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ 17 нафар ба қайд гирифта шудаанд

Ба иттилои  корманди Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Ашуров,  аз тарафи мутахассисони ин ниҳод  дар  11 моҳи соли ҷорӣ  ба миқдори зиёда 2 ҳазору 100 тонна  молу маҳсулоти ғизоии ғайристандартӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Дар раванди гузаронидани санҷишҳо танҳо дар ду рӯзи охир дар шаҳри Душанбе ба миқдори зиёда аз 2 ҳазору 100 килограмм маҳсулоти ғизоие, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст,   ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.

Ба гуфти манбаъ,  аксарияти ин маҳсулот бо сабаби  риоя накардани ҳолати  нигоҳдорӣ ва гузаштани муҳлати истеъмолашон ғайристандартӣ ё пастсифат дониста шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 107
  • 288
  • 100,271