Зукомро чӣ гуна бояд табобат кард?

Зукомро чӣ гуна бояд табобат  кард?
Март 10
11:33 2020

Зуком бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас буда, барангезандааш вирус баҳисоб меравад. То ҳол олимони соҳаи тандурустӣ зиёда аз 2000 навъи вируси зукомро муайян кардаанд. Аз рӯйи маълумотҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол зуком дар ҷаҳон боиси ба бемориҳои вазнин дучор шудани 3-5 миллион нафар мегардад. Бештари вақт ба ин беморӣ кӯдакону пиронсолон, ки  масъунияти паст, яъне иммунитети заиф доранд, гирифтор мешаванд.

Ин беморӣ дар ҳар як мавсим  метавонад ба одамон таъсири худро расонад. Дар мавриди нишонаҳои бемории зуком мудири шӯъбаи Муассисаи давлатии “Марказӣ ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” Фирдавс Раупов мегуяд, ки  бемории  зуком нисбати бемории шадиди роҳҳои нафас фарқияти зиёд дорад, ки бисёре аз беморон  фарқияти зукомро аз бемории шадиди роҳҳои нафас надониста,  ба ҳар гуна худмолиҷакунӣ даст мезананд.

Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, аломатҳои бемории зуком ин сустии умумии бадан, дарди сар, арақкунӣ, таби баланд, беҳолӣ, бемадории умумии бадан, рафтани оби бинӣ ва сулфа дар бемор  мебошад.

Ба гуфтаи Фирдавс Раупов «дар фасли баҳор ва дар фасли зимистон сиситемаи организми инсон ба масъуният, яъне иммунитет талаботи зиёд дорад. Дар ин ҳолат инсон метавонад аз микроэлементҳое, ки дар таркиби меваю сабзавот мавҷуд аст, зиёд истифода барад».

Акушер гинекологи Муассисаи давлатии “Марказӣ миллии солимии репродуктивӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Муродалиева  изҳор медорад, ки«бемории зуком барои занони ҳомила ва тифли дар батни модар буда хатари бисёре дорад. Чун дар ин давра системаи худмуҳофизатии организм ба андозае суст шуда, бо назардошти тағийротҳои физеологии давраи ҳомиладорӣ ҳаҷми умумии шушҳо кам шуда, нафаскашӣ кўтоҳ ва ё руйяки гашта, адади ҳаракатҳои нафаскашӣ ба андозаи 10% меафзояд. Ин ҳолат ҳасосияти зани ҳомиладорро ба бемориҳои респераторӣ ва пайдоиши оризаҳо баланд мегардонад».

Албатта, занҳои ҳомиладор аз ҷумла ҷавонон ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ набояд бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир намоянд. Чуноне, ки  Бунафша Муродалиева  мегӯяд: «ин беморӣ махсусан дар давраи семоҳаи авали ҳомиладорӣ, ки дар ин давра пайдоиш ва рушди узвҳои асосии кўдак ба амал меояд, метавонад ба нуқсонҳои инкишофи тифл ва ба исқоти ҳамл оварда расонад. Дар се моҳаи дуюм ва сеюм бошад, сабаби вайроншавии гардиши хуни ҳамроҳак, камобӣ, бисёробӣ ва валодати пеш аз муҳлат мегардад. Дар ҳолати пайдо шудани аввалин нишонаҳои сироят, худмуолиҷа накарда, ба табиби оилави муроҷиат намоянд».

Сармутахассиси шӯъбаи гиёҳдармонии Маркази ҷумҳуриявии тиббӣ халқии Корхонаи воҳиди давлатии  назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Саидшарипов зикр мекунад, ки«барои табобати бемории зуком дар Тоҷикистон бисёр гиёҳҳое мавҷуданд, ки бемор метавонад бо он худро муолиҷа намояд. Гуфтан зарур аст, ки  табиати кишвари мо саршор аз сарватҳои табиӣ, растаниҳои нодир ва гиёҳҳои шифобахш бой аст. Ҳар як инсон дар муҳофизати табиат ва сарватҳои он аз қабили иқлими мусоид, оби шаффоф, ҳавои тоза, ва муҳити зист саҳми худро бояд гузорад.

Инчунин, номбурда зикр намуд, ки «дар Тоҷикистон зиёда аз 3500 намуди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ба қайд гирифта шудааст, ки метавон бо он харгуна маҳлулҳо омода намуд. Яке аз маъмултарин гиёҳе, ки дар ватани азизамон мавҷуд аст, ин сипанд ва решаи аҷик мебошад, ки бо ин гиёҳҳо  метавон зукомро бартараф намуд».

Дар мавриди пешгири намудани тамоми бемориҳо олимони соҳаи тиб  тавсияҳои зиёд додаанд ва яке аз тавсияҳое, ки  барои бемор нашудани инсоният мусоидат мекунад, саривақт пешгирӣ намудани он ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз,  ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри саломатии хеш бетараф набошем ва солимии худро ҳифз намоем.

Мудири шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим

САФАРАЛӢ УРУНБАЕВ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 380
  • 1,189
  • 279,380