Иваз кардани буғумҳои сунъии пой дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»

Иваз кардани буғумҳои сунъии пой дар Муассисаи давлатии  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»
Август 28
13:59 2017

Дар Муассисаи давлатии  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷарроҳии иваз кардани буғумҳои сунъии пой сурат гирифт. Ба иттиллои дастрас ин услуби ҷарроҳӣ яъне иваз кардани буғумҳои сунъии пой   дар Муассисаи давлатии  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бори нахутс роҳандозӣ гардид. Ҷарроҳии мазкур аз тарафи табиби ҷавон Абдушокир Эҳсонов, ки дар Ҳиндустон такмили ихтисос кардааст,  гузаронида шуд.

Амалиёти ҷарроҳӣ 3 соат идома карда,  муваффақона анҷом ёфт.  Дар амалиёти ҷарроҳӣ мутахассисон аз Ҳиндустон низ  иштирок доштанд.

Бояд зикр намуд, ки аз тарафи мутахассисони  соҳаи тандурустии мамлакат, ки савияи дониши хешро дар дохил ва хориҷи кишвар пайваста такмил медиҳанд, имрӯзҳо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Гузаронидани амалиёти ҷарроҳии мураккаб дар дохили мамлакат нишони маҳорату малакаи касбии баланди табибони тоҷик   буда, мушкилии беморонро хеле осон гардонидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 233
  • 314
  • 180,301