“Илми тибби асри XXI- назаре ба оянда”

“Илми тибби асри XXI- назаре ба оянда”
Декабр 04
07:50 2019

Баргузории 67–умин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон” ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки намояндагони хориҷӣ таҳти унвони “Илми тибби асри XXI- назаре ба оянда” бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва 80-солагии донишгоҳ далели густариш додани равобити илмию амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо донишгоҳҳои мухталифи хориҷӣ мебошад.

Дар конференсияи мазкур дар баробари олимон ва ходимони сиёсии ватанӣ, намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз кишварҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Озорбойҷон, Украина, Швейтсария ва Туркия ширкат намуданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Муассисаи давлатии  таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон” ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба номи Абӯалӣ ибни Сино доктори илмҳои тиб профессор Маҳмадшоҳ Гулзода оғоз намуд. Сипас бо сухани табрикотӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Ғоибзода, намояндагони муассисаҳои илмиву таълимӣ ва табобатии ватанию хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баромад карданд.

Ҳамин тавр, дар конференсияи мазкур  мавзӯъҳои таърихи хадамоти педиатрӣ ва саҳми педиатрҳо дар рушди он, саҳми олимони ҷарроҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар илм ва ҳифзи тандурустии амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои илмии олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи доягӣ ва гинекология, баҳогузории ҳолати функсионалии организм- асосҳои фундаменталии тибби профилактикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

Дар 6 ҷаласаҳои сексионии конференсия 157 маърӯза аз ҷониби олимони ватаниву хориҷӣ бо ширкати беш аз 70 нафар олимону намояндагони муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва табобатии 20 кишвари хориҷӣ таҳлилу баррасӣ гардид.

Маводи конференсия дар шакли 3 ҷилд маҷмӯаи илмӣ иборат аз 880 фишурдаи илмӣ, аз ҷумла 280 мавод аз ҷониби намояндагои кишварҳои хориҷӣ дар маҷмӯаи алоҳида ҷамъоварӣ гардида, дар шакли Маводҳои конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Илми тибби асри XXI- назаре ба оянда”, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва 80-солагии донишгоҳ нашр гардида, ба доираи васеи хонандагон пешниҳод шуд.

Дар анҷоми конференсия бо мақсади истифодаи дастовардҳои илми тибби муосир дар амал ва раванди таълим Резолютсияи конференсия ќабул карда шуд.

Зимнан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълом доштанд. Рушд ва такомули соҳаи сайёҳӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ равона шуда, хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд таъмин менамояд, ки боиси таваҷҷуҳи бештар пайдо кардани меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистони биҳиштосо мегардад. Ин аст, ки иртиботи масъалаҳои мубрами илми тиб, муҳити зисту тандурустӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ дар рушду такомули соҳаи саёҳии байналмилалӣ диққати кулли иштирокчиёни конференсияро ҷалб намуда, байни маърӯзачиён ва шунавандагон баҳсу мунозира ва пешниҳодҳо ба миён омад, ки он аз бетараф набудани иштирокчиён ба ин масъала дарак медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 333
  • 565
  • 207,256