Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои волои озодӣ

Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои волои озодӣ
Сентябр 03
07:42 2019

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Мо дар тӯли  28 соли Истиқлолияти комили давлатӣ заминаи давлатдории навини худро гузошта, соҳиби Истиқлолияти воқеии сиёсӣ шудем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ зътироф гардидем.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат зимни раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Муҳимтарин рамзҳои Истиқлолият ва давлатдории миллӣ – Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд, Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳад ба роҳ монда шуд. Пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Бори нахуст дар таърихи давлатдории миллати тоҷик дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, ин ҳуқуқи худро бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш амалӣ мегардонад.

Бо гузашти чанд сол зарурати тағйир додани сохтори мақоми олии қонунбарор пеш омад. Ва боз ҳам бо майлу иродаи халқ аввалин маротиба дар таърихи навини кишварамон Парламенти нави касбӣ, ки иборат аз ду палата мебошад, таъсис дода шуд.

Бузургтарин дастоварди мо дар даврони Истиқлолият, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Пас аз музокироти тӯлонии Ҳукумат ва собиқ иттиҳоди мухолифин, ки қариб чил моҳ идома ёфта, 21 маротиба гуфтушунидҳои расмӣ баргузор гардиданд, муяссар шуд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шавад ва рӯзи таърихии 27 июн бо Фармони Президенти мамлакат иди умумимиллӣ эълон карда шуд.

Президенти кишвар борҳо таъкид карда буданд, ки мо ба Истиқлолияти воқеӣ ба маънои томаш ҳамон вақт муваффақ мегардем, ки агар бо дарназардошти шароити кишвари худ ва мақоми ҷуғрофии он истиқлолияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикиро таъмин сохта тавонем.

Дастоварди бузурги таърихӣ сохтмони Нерӯгоҳи барқии Роғун ба шумор меравад, ки 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин сохтмони бузурги аср воқеан ҳам аз ормонҳои миллии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, бо ташаббуси Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати ҳамаҷонибаи халқи тоҷик ба субут расид.

Ба кор даромадани Нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, кони гази Хоҷасартез ва таҷҳизонии кони нафту гази Хоҷабоқирғон аз қадамҳои ҷиддӣ дар таъмини истиклолияти энергетикӣ маҳсуб меёбанд.

Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба истиқлолияти озуқавории ҷумҳурӣ пойдевори боэътимод гузошт. Дар ин робита истеҳсоли ғалла ба як миллион тонна расонда шуд, ки сатҳи некӯаҳволии мардумро хеле баланд бардошт.

Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

Имрӯз маҳсулоти кишоварзӣ аз корхонаҳои ҷумҳурӣ ба соири кишварҳои ҷаҳон содирот мегардад.

Ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии бомароми кишвар идома дошта, барои гузариш аз низоми аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ таҳкурсии амиқ гузошта шудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки баъди Истиқлолият пеш омад, ба Тоҷикистон бахшидани раҳоӣ аз маҳдудияти коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳану ҳавоӣ ва таъмини алоқа бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои дигар мебошад.

Маҳз бо дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат сохтмонҳои азим – роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб,  нақби мошингарди Анзоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе – Ҷиргатол-Қирғизистон, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва азнавсозии фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд, барқароркуниии роҳи оҳани Вахш-Ёвон, бунёд ва азнавсозии садҳо километр роҳҳои дорои аҳмамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба сомон расид. Чор фасли сол робитаи мустақими заминиву ҳавоӣ бо тамоми минтақаҳои кишвар ва хориҷи он барқарор гардид.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд.

Таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат ба ҷашнҳои ҳазораи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, 1100- солагии таъсиси давлати Сомониён, 960-солагии Ҳаким Умари Хайём, 2700-солагии “Авесто”, 2500 солагии шаҳри Истаравшан, бузургдошти Имоми Аъзам – Абу-Ҳанифа Ан-Нӯъмон ибн Собит,  2700 солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, 3000 солагии Ҳисор ва дигар нобиғаҳои илму тамаддуни тоҷик гувоҳи эҳтирому арҷгузории давлату ҳукумати кишвар ба илму адабиёт ва фарҳанги халқамон мебошад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.

Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом, Наврӯз  ва яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо – чакан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати мустақил аз тарафи зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон шинохта шуд.

Тӯли солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Шартномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони Умумиҷаҳонии савдо ва дигар ташкилотҳои байналмилалилву минтақавӣ гардид.

Пазируфтани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои вобаста ба об аз маъруфияти кишвари мо дар саросари олам дарак медиҳад.

Моҳи марти соли 2018 татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне об таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Яъне, ибтикори кишвари мо, хоса Пешвои миллат дар давоми даҳ соли минбаъда дар миқёси сайёра амалӣ мешавад.

Дар мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо кард. Садҳо корхонаву муассисаҳои нав арзи вуҷуд намуда, аксар бино ва иншооти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Дар кишвар садҳо майдонҳои варзишии хурду бузург, боғу гулгаштҳо бунёд гардиданд, ки ҳамаи ин аз самараи Истиқлолияти давлатӣ маншаъ гирифтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба як давлати ободу пешрафта табдил ёфта, таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба он аз ҳар вақта дида бештар равона шудааст.

Пешвои миллат ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникиро вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф муайян намудаанд.

Ҳукумати кишвар ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намуда, барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоидро фароҳам оварда истодааст.

Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст

Ҳукумати мамлакат ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодааст.

Дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳар халқу миллат шахсиятҳои таърихӣ нақши беандоза созгорро доро мебошанд ва дар ин робита ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллат пайванди ногусастанӣ дорад.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини тоҷикон нақши  бунёдгузориро дорад. Хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ў дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар  ҷанбаҳо аз ҷониби ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ба таври сазовор баҳогузорӣ шуда, ҳам аз нигоҳи илмӣ ва ҳам амалӣ собит гардидааст.

Марҳилаи роҳбарии Пешвои миллатро дар идораи давлату кишвар метавон  шартан ба 4  давраи комилан гуногун тақсим кард;

Давраи якум – Солҳои 1992 то 1997. Даврони «Наҷоти давлату миллат аз вартаи фано». Марҳалаи барқарор кардани низоми конститутсионӣ, бозгашти ҳамаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон;

Давраи дуюм – Солҳои 1998—2000-ум. Даврони “Таҳкими сулҳу субот”. Иҷрои бомуваффақияти шартҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ мебошад.

Дар ин давра Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъйини самтҳои асосии рушди ҷомеа дар солҳои минбаъда ва сохти давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд асоси воқеӣ гузошт.

Давраи сеюм – Солҳои 2001 – 2006. Даврони “Оғози бунёдкорию созандагӣ”. Марҳаллаи рушди осоиштаи кишвар – таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, барқарор кардани иқтисодиёт ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, сохтмони иншооти дорои арзиши миллӣ, баланд бардоштани некуаҳволии халқ, инкишофи фарҳанг ва густариши фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Давраи чорум – Аз соли 2007 то ба имрўз маҳсуб меёбад. Ин  Даврони рахнаи монеаҳои бузург ва марҳалаи фатҳи қуллаҳои нав маънидод мешавад.

Хизмати таърихиву бунёдии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва Истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ин шахси абармард бо ба даст гирифтани идораи кишвар таҳдиди нобудии онро пешгирӣ, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомўш ва сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор карданд, махсусан мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ташкил дода, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароитҳо муҳайё сохтанд, ба сулҳу суботи миллӣ асос гузошта, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд, асоси устувори бунёди ҷомеаи навро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар амал татбиқ карданд, манбаи ҳуқуқиву сиёсиро барои имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошта, мо мардуми тоҷик ба истиқрори сулҳ ноил шудем, ки он таҷрибаи беназир ва падидае барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд, ба эҳёи миллӣ ва ибтидои корҳои нави бузург асос гузошта, ба таври қатъӣ вазъи иҷтимоиву иқтисоди аҳолиро беҳтар карданд, таҳдиди гуруснагиро бартараф намуда, пули миллиро ҷорӣ карданд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардошта, дар роҳи татбиқи чор ҳадафи миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани кишвар ва саноатикунонии мамлакат хизматҳои шоистаро анҷом доданд.

Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққии кишвар беназиранд.

Аз ин лиҳоз, мардуми сипосгузори тоҷик муборизаҳои ҷоннисорона ва хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон пос дошта, он касро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пешбарӣ карданд. Ва рӯйдоди аз ҳама муҳиму фараҳбахши таърихӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат” мебошад, ки 9 декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Истиқлолият давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. Таҷрибаи Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Ин раванд инқилоби арзишманду таърихӣ буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори Пешвои миллат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, неруҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.

Дар фарҷом матлаби хешро бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 зикр доштанд, мехоҳам ҷамъбаст намоям:

“Мо – хурду бузурги кишвар бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд кунем, иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави кор муҳайё намоем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро мунтазам баланд бардорем, Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаҳои он ободу пешрафта гардонем ва собит созем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри бисту як ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи худро дорад.”

Ҷашни истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!

 ОБИДҶОН АМИНОВ,   мудири бахши котиботи вазорат

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 228
  • 314
  • 180,296