ИСТИҚЛОЛИЯТ: Рушди бемайлони соҳаи тандурустӣ таъмин гардид

ИСТИҚЛОЛИЯТ:  Рушди бемайлони соҳаи тандурустӣ таъмин гардид
Сентябр 07
09:52 2019

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии

 аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Истиқлолият бузургтарин неъмати давлатдорист, ки бо гузашти ҳазор сол ба миллати сарбаланд ва тамаддунофари тоҷик насиб гардид. Пас аз барҳам хӯрдани давлати тоҷикон Сомониён (солҳои ҳукмронӣ-819-999)  Истиқлолияти давлатӣ дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба сари миллати тоҷик амсоли хуршеди оламгир нурпошӣ намуда, кишвари мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи олам арзи ҳастӣ намуд.

Истиқлолият орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки 9 сентябри соли 1991 пас аз талошҳои шабонарӯзии Сарвари оқилу доно ва тақдирсози миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бар ивази ҷони ҳазорҳо шаҳрвандони бегуноҳи кишвар, инчунин хисороти бузурги моливу иқтисодӣ ба даст омадааст.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти комили давлатӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат зимни раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Инчунин, муҳимтарин рамзҳои муайянкунандаи давлати соҳибистиқлол-Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд, Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳад ба роҳ монда шуд. Пули миллӣ ба муомилот баромад.

Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ ноил гардидан обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дар самти баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ фаъол  хеле боло рафт. Аз ҷумла ташаббус ва иқдомҳои бузурги байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мубрами умумимиллӣ, махсусан мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар як қатор минтақаҳои олам, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби аср, ба монанди терроризм ва экстремизим, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши одам ва дигар масъалаҳои мубрам аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамраъйии хешро пайдо намуданд.

Қобили зикр аст, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028  бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, эълони  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида буд.

Дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Душанбеи ҳамешабаҳор садҳо чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор гардида, дар онҳо муҳимтарин масъала ва мушкилоти аҳамияти умумиҷаҳонидошта баррасӣ шудаанд.

Арзандаи арҷгузорист, ки Эмомалӣ Раҳмонро поягузори Истиқлолияти давлатии тоҷикон дар қарни ҷадид номида, исми эшонро дар баробари Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Анӯшервони Одил ва дигар подшоҳони бузурги таърих ном бубарем, чун таҷрибаи давлатдории эшон дар ҷаҳон назир надошта, қобили омӯзиш ва пайравӣ барои тамоми ҷаҳониён мебошанд.

Дар воқеъ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққии кишвар беназиранд.

Аз ин лиҳоз, мардуми сипосгузори тоҷик муборизаҳои ҷоннисорона ва хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон пос дошта, он касро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пешбарӣ карданд. Ва рӯйдоди аз ҳама муҳиму фараҳбахши таърихӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат” мебошад, ки 9 декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар маҷмӯъ, ҳама он муваффақият ва дастовардҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди ноил гардидан ба  Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми самтҳо ба даст овардааст, маҳз самараи талошҳои хастанопазир ва меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дастовардҳои соҳаи тандурустии кишвар ба Истиқлолият алоқаи ногусастанӣ доранд, зеро мусаллам аст, ки бидуни ин неъмати бебаҳои давлатдорӣ рушд намудани дилхоҳ соҳа ғайриимкон мебошад.

Ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.

Аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои муҳимтарини кишвар ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ баҳри бунёд, азнавсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонидани онҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар иқдомҳои бузург амалӣ карда шудаанд.

Дар ин рӯзҳои пурнишот, ки мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистони  биҳиштосо бузургтарин ҷашни миллӣ-Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамоянд, таъкид намудан ба маврид аст, ки дар воқеъ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо кӯмак ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии кишвар дар тамоми самтҳо ба таври бесобиқа рушд намуд. Далели гуфтаҳои болозикр аз тарафи давлат сол то сол зиёд шудани маблағгузории ба соҳаи мазкур мебошад. Масалан, соли 2019 нақшаи буҷети соҳаи тандурустӣ 1 миллиарду 740 миллиону 536 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 2018 12,2% ё ин, ки 189 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2,2% ва нисбати ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 7,2%-ро ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне Истиқлолияти давлатиро ба даст овард, ки он дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печида буд. Қувваҳои беруна мехостанд миллатро ба нестӣ бурда, ҳадафҳои нопок ва муғризонаи худро амалӣ гардонанд.

Баъд аз музокироти тӯлонии Ҳукумат ва собиқ иттиҳоди мухолифин, ки қариб чил моҳ идома ёфта, 21 маротиба гуфтушунидҳои расмӣ баргузор гардиданд, муяссар шуд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида, 27 июн ҳамчун  Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон  гардид, ки ин сана ҳамасола дар сар то сари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Пӯшида нест, ки ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ тамоми бахшҳои давлатдориро ба таври куллӣ заиф гардонид. Аз ҷумла соҳаи тандурустии мамлакат низ ба мисли дигар соҳаҳои муҳимтарини ҷомеа дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ хисороти калон дид. Муассисаҳои тандурустӣ ба коми оташ рафтанд. Табибони ботаҷрибаи кишвар бо сабаби набудани фазои оромӣ ва имконияти мусоиди корӣ тарки Ватан намуданд. Дар он замони бесарусомонӣ касе ба ёрии тиббӣ дастрасӣ надошт. Соҳаи тандурустии мамлакат дар он солҳои басо душвор ба таври куллӣ фалаҷ гардида буд. Танҳо бо таассуф метавон таъкид намуд, ки бо сабаби дастрасӣ надоштан ба ёрии тиббӣ дар он солҳои бесарусомонии мамлакат ҳазорҳо модарону кӯдакони тоҷик ҷони худро аз даст доданд. Ҳазорон захмиёну ҷабрдидагон, ки шояд бо расонидани ёрии тиббӣ имкони наҷот додани ҷони онҳо вуҷуд  дошт, аммо бо набудани имкони мавҷуда ин дунёро падруд гуфтанд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва хомӯш гаштани ҷанги бародаркуш соҳаи тандурустии мамлакат низ чун дигар соҳаҳо фаъолияти худро аз сифр оғоз намуд.

Маҳз дар партави сиёсати оқилонаи Сарвари давлат соҳаи тандурустии кишвар дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба пешрафтҳои бузург ноил гардид, балки тавонист ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ гардад. Имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш ба навоварӣ ва ихтироъкорӣ даст мезананд, ки ин амали эшон баҳри баланд бардоштани нуфузи илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки соҳаи илми тибби кишварро Академияи  илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯш дорад. Олимони муассисаи мазкур корҳои илмӣ-тадқиқотиро аз рӯи 18 лоиҳаи илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, 11 мавзӯи илмӣ оид ба «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва 6 мавзӯи ташаббусӣ давом доданд. Танҳо давоми 5 охир олимони муассисаҳои илмии Академия дар пажӯҳиши масъалаҳои мубраму ҳалталаби соҳаи тибби Тоҷикистон тадқиқотҳо гузаронидаанд, ки онҳо ба коҳиш додани фавти модарӣ ва перинаталӣ, саривақт ташхис ва муолиҷа намудани гепатитҳои вирусӣ, пешгирии оризаҳои бемории диабети қанд, коҳишёбии маъюбӣ аз бемориҳои дилу рагҳои хунгузар, коркарди доруҳои нав аз растаниҳои шифобахши ватанӣ мусоидат намудаанд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ олимони соҳаи тибби кишвар ба як қатор дастовардҳои назарраси илмию амалӣ ноил шудаанд. Аз ҷумла аввалин маротиба ҳангоми бемории санги талхадон намуди нави ҷарроҳӣ- криохолесистэктомия аз ҷониби олимони ватанӣ иҷро карда шуд. Инчунин, аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ доруҳои нави Ферубет, Гастрофит ва Урсослит коркард шуд, ки онҳо дорои хусусияти паст намудани қанд ва чарбҳои таркиби хун ва барқароркунии ҷигари иллатёфта мебошанд. Дар баробари ин, ҳангоми бемориҳои дилу рагҳои хунгард усулҳои нави муолиҷаи ҷарроҳӣ аз ҷониби табибони тоҷик пешниҳод ва дар амалия ворид карда шуданд, ки ин амал боиси коҳиш ёфтани аворизҳо ва фавт дар байни беморон гардид.

Аз ҷониби олимони ватанӣ усули замонавии ташхиси электрофизиологии дил ва табобати вайроншавии назми дил – аблятсияи радиобасомадӣ бо натиҷаҳои дилхоҳ амалӣ карда шуд. Дар пайвандсозии гурда ва ҷигар усулҳои инноватсионӣ коркард карда шуд, ки аворизҳои баъди ҷарроҳиро кам карда, натиҷаҳои табобатро беҳтар гардонид.

Олимони тибби мамлакат, инчунин, омилҳои хавфи инкишофи норасоии  ҳамроҳакро муайян намуда, роҳҳои пешгирии онҳоро пешниҳод ва дар амалия ворид намуданд.

Яке аз мушкилоти  имрӯзаи соҳаи тибби ҷаҳонӣ бемориҳои гуногуни кӯдакона мебошанд, ки дар ин бахш олимони тибби тоҷик дар самтҳои илтиҳоби шадиди шушҳо, заифшавии масуният ва нуқсонҳои модарзодӣ тадқиқотҳои илмӣ гузаронида, зимни амалӣ намудани кашфиётҳои ихтироъшудаашон ба беҳтарсозии солимии кӯдакон мусоидат намудаанд.

Дастовардҳои олимони тибби кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар самти ҷорӣ намудани усулҳои ҷадиди табобат назаррас буда, ин анъана минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Қайд намудан ба маврид аст, ки барои баланд бардоштани рӯҳияи табибону донишмандон, хусусан ҷавонон дар ҳошияи поквиҷдонию дилсӯзӣ, заковату хирад соли 2018 Суруди касбии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, он рамзи соҳаи тандурустӣ эътироф карда шуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои рушди робитаҳои байналмилалӣ дар доираи сиёсати ягонаи хориҷии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида мукотибаро бо давлатҳои хориҷӣ ва институтҳои молиявии байналмилалӣ танҳо тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ  анҷом медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки то имрӯз бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи тандурустӣ 23 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, 32 комиссияҳои байниҳукуматӣ амал менамояд.

Айни замон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббӣ дар кишвар маҳз дар маркази таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар кишвари азизамон имрӯз дар баробари муассисаҳои тиббии давлатӣ, инчунин, муассисаҳои тиббии хусусӣ фаъолияти пурсамар доранд, ки  дар маҷмӯъ баҳри беҳтар расонидани хизматрасонии тиббӣ ба мардум саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Тавре ҳамагон шоҳид ҳастем, имрӯзҳо дар тамоми сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба минтақаҳои гуногуни кишвар дар баробари иншоотҳои гуногун  муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ба истифода дода мешаванд. Сохтмони муассисаҳои тиббӣ ва бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ ҷиҳозонидани онҳо айни замон дар кишвар бо суръати баланд  идома дорад.

Боиси хушнудист, ки имрӯз беҳтарин дастовардҳои тибби ҷаҳонӣ на танҳо дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҳатто дар деҳаҳои дурдасттарини мамлакат низ ба аҳолӣ  дастрас мебошанд.

Яке аз бахшҳои муҳимтарини соҳаи тиб бахши ҷарроҳӣ ба шумор меравад, ки нақши он дар табобат ва солимгаронии инсон бағоят калон мебошад. Хушбахтона, ин самти муҳимтарини соҳаи тиб имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле рушд намуда, барои гузаштан аз дилхоҳ амалиёти ҷарроҳӣ ба шаҳрвандон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам гардидааст.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар баробари коҳиш ёфтани шумораи шаҳрвандони кишвар, ки барои анҷом додани амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ ба хориҷи кишвар сафар менамоянд, шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки барои гузаштан аз амалиётҳои ҷарроҳӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд, зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 118 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудаанд, ки аз ин шумора 29 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 37 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 31 нафар аз Исроил ва боқимонда аз дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ҳазору 716 табиб ва 51 ҳазору 788 корманди миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Имрӯз дар соҳаи тандурустии  кишвар 142 доктор ва 496 номзади илми тиб фаъолият карда истодаанд, ки аз ин шумора 302 нафар номзади илми тиб ва 61 доктори илми тиб  дар самти ҷарроҳӣ кор мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, ки танҳо дар давоми панҷ соли охир аз тарафи кормандони соҳаи ҷарроҳии мамлакат  236 усулҳои нави табобат барои мардум амалӣ гардонида шудаанд. Агар дар соли 2014 дар Тоҷикистон 150 ҳазор амалиётҳои ҷарроҳӣ гузаронида шуда бошанд, дар  соли 2018 дар кишвар ин шумора ба 273 186 ҳазор расидааст. Нишондиҳандаҳои болозикр гувоҳи онанд, ки дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи ҷарроҳии кишвар ба таври чашмрас рушд намуд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 47 марказҳои саломатии шаҳрӣ, 57 марказҳои саломатии ноҳиявӣ, 840 марказҳои саломатии деҳот ва 1720 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият менамоянд.

Дар давоми соли равон 22 марказҳои саломатии деҳот ба маблағи 11 миллиону 598 ҳазор сомонӣ ва 62 бунгоҳҳои саломатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва соҳибкорон ба маблағи 16 миллиону 716 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Илова бар ин,  бояд зикр намуд, ки дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд  карда хоҳанд шуд.

Ҳар нуктаву эроде, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои соҳаи тандурустӣ дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ва вохӯрӣ бо сокинону фаъолони кишвар баён мегарданд, аз ҷониби роҳбарият ва кормандони вазорат саривақт мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, баҳри рафъи мушкилиҳои мавҷуда чораҳои мушаххас ва зарурӣ андешида мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тиббиро дар тамоми гӯшаву канори мамлакат идома  хоҳад дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 222
  • 314
  • 180,290