Иттилоот оид ба муоинаи тиббии мактаббачагон доир ба дарёфти сирояти вируси норасоии масунияти одам

Феврал 04
08:53 2019

Мақсади чорабинӣ чист?

Дарёфти саривақтии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар байни кўдакону наврасон ва фарогирии ҳар чӣ зудтари онҳо ба табобат.

Дар асоси чӣ чорабинии мазкур гузаронида мешавад?

Дар асоси протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.04.2018, фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 04.01.2019, №04) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 04.01.2019, №65).

Чорабинӣ интихобан дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар он хонандагони синфҳои 1-11-и мактабҳои интихобгардида фаро гирифта мешаванд.

Пеш аз оѓози чорабинӣ ба падару модар/намояндагони қонунии кўдакону наврасони муоинашаванда шакли розигӣ аз фармоиши имзошуда дастрас карда мешавад, то ки онҳо хонда баромада, розигии худро барои аз муоина гузаронидани фарзандони худ диҳанд.

Чорабинӣ аз тарафи кӣ ва дар кучо гузаронида мешавад?

Ташхис аз ҷониби мутахассисони варзидаи Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар ҳамкории зич бо табибони оилавии маҳал ва муаллимон дар макони таҳсили худи хонанда гузаронида шуда, ҷараёни дарсҳо халалдор карда намешаванд.

Оё шароити санитарию гигиении утоқҳо ва маводи ташхисӣ ба талабот ҷавобгў мебошанд?

Дар мактабҳо як ҳуҷраи алоҳидаи ба табаботи санитарӣ ҷавобгў ва гарм ҷудо карда мешавад. Ташхис ба таври ройгон бо усули тести фаврӣ (экспресс) баъди розигии падару модар/намояндагони қонунии кўдакону наврасон гузаронида шуда, дар рафти он маводи ташхисии яккарата (тести фаврӣ, фатилаи спиртӣ, дастпўшак, нештарак ва ѓайра) истифода бурда мешавад.

Волидайн метавонанд дар вақти озмоиш иштирок намоянд. Тибқи нақша як рўз пеш аз чорабинӣ ба волидайн роҳбари синфи хонанда занг зада, нисбати рўз ва соати озмоиши хонанда хабар медиҳад.

Натиҷаи озмоиш кай ва чӣ гуна пешниҳод мегардад?

Бо мақсади таъмини махфияти сирри кўдак ва пешгирӣ аз ҳар гуна табъиз (стигматизация) ва поймолсозии ҳуқуқи кўдакон (дискриминация) натиҷаи ташхис ба дигар муассисаҳо ва ё шахсони бегона дода намешавад. Дар ҳолати мусбӣ будани натиҷаи ташхис дар давоми 3 рўз волидайни хонанда ба Марказҳои ВНМО барои машварат ва озмоишҳои иловагӣ даъват карда мешаванд.

Дар ҳолати мусбӣ будани натиҷаи ташхиси иммуноферментии тасдиқӣ ба таври фаврӣ барои кўдак ва падару модари ў кўмаки равонӣ расонида шуда, табобати махсуси зиддиретровирусӣ таъйин карда мешавад.

                                                           Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва

                                                      мубориза бар зидди бемории ВНМО

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 15
  • 257
  • 212
  • 142,681