ИФРОТГАРОӢ ВА РЕШАҲОИ ИҶТИМОИИ ОН

Январ 10
10:08 2018

С. Амонӣ

Ходими калони Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯрию мулоқотҳояш ба мардуми тоҷик таъкид менамояд, ки ба қадри ҳаёти осуда бирасем, сулҳу оромӣ ва неъматҳои доштаамонро эҳтиёт карда, бо меҳнати содиқонаву софдилона фардои худро обод созем. Дар ин замина ба таълиму тарбияи фарзандони хеш диққати ҷиддӣ диҳем, то онҳо пас аз мо давоми рўзгори шоду Ватани ободи мо бошанд. Нагузорем, ки фарзандони мо гўш ба ҳарфи дигарон андозанду ба роҳу кори хато раванд.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротгароию тахрибкорӣ созмонҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Дар ин раванд ҷавононе, ки дар мактабҳои махсуси экстремистии хориҷӣ таҳсил карданд, метавонанд ширкат кунанд. Дар натиҷаи амалиёти террористии онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта мешавад, кўдакон бе сарпаноҳ мешаванду занон ба ҳалокат мерасанд. Коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми террористон бештар ҷавонони муҳоҷир ва ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла, барои ҷалби мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ василаи асосӣ мебошанд.

Ҷавонон аслан дар масири ҳаёт бештар ба андешаҳои созандаи дархўри майлу хоҳиш ғарқ гашта орзуву ҳавасҳои зиёд мепарваранд. Ин дар асл бад нест, аммо бетоқативу ношикебоӣ ва тан ба кору меҳнати ҳалол надодан оқибат онҳоро ба гирдоби ҳаводиси сангин кашида, ба ранҷу азоб рў ба рў мекунад. Ҳаваси майлу хоҳиши зудтар ба зиндагии матлуб расидан муҷиби ҳама гуна нигарониҳо мешавад.

Ғайр аз ин набудани муҳити созгори муошират бо дарёфти посух ба саволҳои зиёде ҷавононро аз масири аслии зиндагӣ инҳироф медиҳад. Халои маънавӣ ва адами меъёрҳои ахлоқию маънавии шахсӣ сабаби

асосии роҳ ҷустан ба сўйи орзуҳоест, ки фарҷоми фалокатбор ва носавобро ба дунбол доранд.

Дар шабакаи интернетӣ, сомонаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва таблиғотӣ шинохтани чунин мубаллиғон душвор нест. Афроде, ки ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд, номҳои мустаор ихтиёр карда, худро Абумуҳаммад, Абумуслим, Абуҳамза, Абусалом, Абуумар, Ибни Хаттоб, Абусуфиён… муаррифӣ мекунанд. Ҷавононе, ки ба халои маънавӣ гирифторанду ба саволҳои худ аз падару модар, наздикону пайвандон ва устодон посухи дурусту қонеъкунанда намешунаванд, саранҷом гўш ба каломи муғризону нокасон мениҳанд ва рўзгори худро, ки гўё ба дунбол аҷри зиёде ба армуғон меорад, нохудогоҳ тангу тор месозанд. Мо набояд ба густариши ин фазои торику уфунатбор мусоидат намоем, балки бо ақлу заковати инсонӣ ва равишҳои тарбиятии аслию суннатии хеш фаҳму фаросат ва ҷаҳони маънавии худ ва фарзандонамонро зебу сайқал диҳем, то рўзе дар миёни мардум ва пеши ёрону азизону Ватан сархаму забонкўтаҳ набошем.

Ашхосе, ки ба дунболи фиреб рафтаанду ба хайли ифротгаро, террорист ва экстремистҳо пайвастаанд, дер ё зуд хатои худро мефаҳманд, вале он вақ дер мешаваду бори гарони мусибаташ душбори мову шумо мегардад. Аз ин рў, аз ҳама гуна имконот истифода бурда, коре бояд кард, ки фарзандони мо ба доми фиребу найранги нокасон наафтанд.

Ҳоло барои ҷалби ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон истифода бурда мешавад. Гурӯҳҳои ифротӣ бо сохтани аккаунтҳои бардурӯғ бо ҷавонон шинос шуда, ботадриҷ онҳоро ба худ ҷалб мекунанд.

Терроризм, террористҳо ва гурўҳу ҳаракатҳои мамнўи ифротӣ на танҳо боиси ташвишу нигарониҳо дар Тоҷикистон мегарданд, балки барои кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Осиёи Марказӣ низ хатарноканд. Ҳоло вазъи фавқуллода хатарнок дар Ховари Миёна ба вуҷуд омадааст. Таҷрибаи харобкориҳои “Давлати исломӣ”-ро метавонанд ҷунбиши “Толибон” ва гурўҳҳои дигаре, ки дар Афғонистону Покистон қарор доранд, истифода баранд, ки ин оянда барои кишварҳои ИДМ хатаровар аст.

Яке аз сабабҳои асосии шомил гаштани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ин кофӣ набудани маълумоти диннӣ ва мазҳабии эшон

аст. Бадқасдону ифротиён аз ин ҳолат истифода намуда, оину қавонини исломӣ ва оёту аҳодисро шарҳу тафсири қасдан ғалат баста, ҷавононро гирифтори доми фириеб месозанд. Чунин амал то ҷое корагар мешавад, ки ҷавонони гумроҳу сарсупурдаи ақидаҳои ифротии хоҷагони хориҷӣ дигар гўш ба панду насиҳат ва зорию таваллои волидону пайвандони худ намедиҳанд ва миллату Ватанро мефурўшанд.

Фазои сулҳпарвар ва муҳити ободу фаровонии неъматҳои модди Ватани азизи мо, бахусус меҳрубонию меҳмонпарастии тоҷикӣ низ боиси ҷалби афроди зиёди хориҷӣ мегардад. Аз ин рў, ҳар меҳмоне, ки вориди кишвар мегардад, Худо кунад, ки ният ва дасту дили пок дошта бошад.

Сулҳи тоҷикон, ки асоси дастовардҳои имрўзаи мост, осон ба даст наомадааст ва хидмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асту мо бояд ба қиммати он бирасему нагузорем, ки фазои он пардаи ғубор дошта бошад.

Назар ба авзои минтақа имрўз моро зарур аст, ки ҳар сухани хешро санҷида гўему ҳар қадамро дида гузорем. Шояд дар миёни дўстону ҳамнишинони мо низ афроде ёфт мешаванд, ки носавобҷўянду фурсати муносибе мепоянд, то шахсияти хешро ошкор созанд. Маҳз ба ин хотир, имрўз барои мо зиракию ҳушёрии сиёсӣ беш аз ҳар вақт зарур аст. Ваъдаи биҳишту ҳароси дўзах ҳамон луқмаест, ки қабл аз ҳама ба фиребхўрдагон дода мешаваду эшон хурсанд мешаванд. Вале фаромўш мекунанд, ки ба биҳишт некон мераванд, на харобкорону одамкушон.

Имрўз қишри солимфикру некбину ояндасози ҷомеа метавонад аз имконоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънаию фарҳангии худ истифода бурда, фарзандону ёрону дўстонро дар рўҳияи хештандорӣ, ватандўстӣ, ҷавонмардӣ ва инсонгароӣ тарбия намуда, намунаи ибрат бошанд. Ҳарчанд мегўянд, ки гулистон бехор намешавад, вале ба андешаи мо агар гулҳо ба ҳам оянду базм ороянд, хор ҳам гул мекунад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 201
  • 382
  • 47,534