Ифтитоҳи иншооти тандурустӣ бо иштироки Қоҳир Расулзода ва Насим Олимзода

Ифтитоҳи иншооти  тандурустӣ  бо иштироки  Қоҳир Расулзода  ва Насим Олимзода
Апрел 12
08:31 2019

Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Амонулло Хайрулло дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб беморхонаи хусусии бемориҳои чашм иборат аз ду ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Масоҳати бино 300 метри мураббаъро ташкил дода, дар он таҷҳизоти замонавии тиббӣ насбу васл гардидаанд.

Беморхонаи мазкур бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамадов С. дар як мудати кӯтоҳ сохта, ба истифода дода шудааст.

Инчунин дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дар деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маркази саломатиро  мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати бинои маркази саломатӣ 586 метри мураббаъ буда, бо тарҳи замонавӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бино аз 9 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон иборат буда, ҳаҷми маблағи сохтмони он зиёда аз 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Маркази саломатии мазкур аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Зоир Мирзоалиев ва Шералӣ Қурбонов сохта шуда, ба аҳолӣ тақдим гардид. Дар он 21 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 20
  • 242
  • 167,302