ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ТОЗАБУНЁД

Июл 06
11:16 2013

Рўзи 7 июли соли равон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоотҳои тозабунёди соҳаи тандурустӣ ширкат меварзад.

Аз ҷумла, ҳангоми ифтитоҳи Маркази вилоятии бемориҳои сили воқеъ дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон вохўрии Сарвари давлат бо кормандони соҳаи тиб ба накша гирифта шудааст. Маркази мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ бо ҷалби шарикон ба маблағи зиёда аз 7 млн. 500 ҳазор сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудааст.

   Барои кормандони Марказ ва бемороне, ки дар ин ҷо муддати тўлонӣ табобат мегиранд, тамоми шароитҳои маишии зарурӣ, ба монанди хоҷагии ёрирасон барои таъмини гўшту тухм ва шир, ҳуҷраҳои гармдармонӣ, намакдармонӣ, коргоҳи дўзандагӣ барои шуғли беморон, ҳуҷраҳои варзиши беҳдоштиву зеҳнӣ ва китобхона муҳайё карда шудааст, ки дар маҷмўъ сифати табобат ва ҳолати будубошро беҳтар мегардонанд.

   Таҷрибаи бори аввал ба роҳ мондани тибби фосилавӣ байни муассисаи мазкур ва муассисаҳои сатҳи миллӣ, ба мутахассисон имконият медиҳад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ, ба таври фаврӣ барои ташхису табобати беморон аз маслиҳат ва машварати мутахассисони варзидаи соҳа, устодон ва профессорон баҳравар гарданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 64
  • 202
  • 118,573