Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент

Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент
Сентябр 13
14:07 2019

Дар доираи сафари кории худ ба водии Зарафшон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нимаи дуюми рӯзи 11 сентябр ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Панҷакент бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи шоистаи ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад.

Мардум бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар ободу зебо гардонидани маҳал саҳмгузорӣ намуда, дар шаҳру деҳот сохтмону таҷдиди иншооти гуногуни иҷтимоӣ идома дорад. Дар аснои сафар Раиси вилоят аз деҳаҳои Дашти Қозӣ ва Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва деҳаи Сӯҷинаи ҷамоати деҳоти Сӯҷина боздид намуда, бо сокинони деҳот суҳбатҳои самимӣ анҷом дод ва дар маросими ифтитоҳи чанд иншоот иштирок кард.

Раиси вилоят аз ҷумла дар деҳаи Ёрӣ дармонгоҳи дандонпизишкӣ ва дар деҳаи Дашти Қозӣ бинои маркази саломатиро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони ин деҳаҳо мулоқот кард. Дар аснои мулоқот таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону азнавсозии иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти соҳаи тандурустӣ идома дошта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ сол аз сол беҳтар гардида истодааст.

Дармонгоҳи дандонпизишкӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуд, дар истифодаи умум қарор гирифт. Минбаъд сокинони маҳал метавонанд бидуни харҷи зиёдатӣ аз хизматрасониҳои дармонгоҳ истифода баранд.

Маркази саломатии деҳаи Дашти Қозӣ бошад дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷра барои гузаронидани хатна, ҳуҷраи таваллуд ва пас аз таваллуд, ташхисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Тибқи иттилои масъулини шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент бо бунёди марказ имкон фароҳам оварда шуд, ки ба наздик 7 000 нафар сокинон хизматрасониҳои тиббӣ расонида шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 21
  • 400
  • 190,065