Ифтитоҳи Минтақаи идоракунии партовгоҳи тиббӣ дар Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар минтақаи Кӯлоб

Ифтитоҳи Минтақаи идоракунии партовгоҳи тиббӣ дар Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар минтақаи Кӯлоб
Май 03
14:33 2018

Санаи 20 апрели соли 2018 Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар минтақаи Кӯлоб дар ҳамдастӣ бо ташкилоти байналмилалии Духтурони бидуни марз Минтақаи нави идоракунии партовҳоро мавриди истифода қарор дод.Таъсиси минтақаи нави идоракунии партовҳо як қисмати саъю талошҳои муштарак дар самти беҳтар намудани вазъи саломатӣ ва назорат кардани сироят барои кормандони тандурустӣ ва ҷомеа дар минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Минтақаи нави идоракунии партовҳо дар Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар минтақаи Кӯлоб воқеъ гардидааст ва дуюмин макони идоракунии партовҳо ба ҳисоб меравад, ки аз самараи ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии Духтурони бидуни марз дарак медиҳад. Мавриди зикр аст, ки бори нахуст чунин партовгоҳ тирамоҳи соли 2017 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб ба истифода дода шуд.

Қобили ёдоварист, ки моҳи декабри соли 2016 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо ташкилоти байналмилалии Духтурони бидуни марз арзёбии муштарак оид ба эҳтиёҷотҳо дар бахши тандурустиро дар шаҳри Кӯлоб ва минтақаҳои гирду атроф ба роҳ монд ва таъсиси ин минтақаҳои нави идоракунии партовҳо самараҳои он арзёбист.
Бояд зикр намуд, ки маконҳои нави идоракунии партовҳо барои беҳтар намудани системаҳои нави безараргардонии партовҳо, муомилаи бехатар бо маводҳои хатарнок ва пешгирӣ намудани интиқолёбии беморӣ пешбинӣ гардидаанд.
Қобили қайд аст, ки минтақаи навтаъсиси идоракуни партовҳои Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар минтақаи Кӯлоб барои якчанд муассисаи тандурустии гирду атроф, аз ҷумла, Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, Беморхонаи сироятӣ, Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и шаҳрӣ, Таваллудхонаи шаҳрӣ ва Филиали маркази ҷумҳуривии илмии хун дар минтақаи Кӯлоб хидмат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 790
  • 832
  • 285,721