ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ ИННОВАТСИОНИИ ТИББӢ

Сентябр 04
11:26 2013

Яке аз иншоотҳои муҳиме, ки бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ карда шуд, озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ аст, ки бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ маблағҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди глобалӣ бунёд ёфта, бо навтарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст.

Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ» таҳти № 207 аз 2 майи соли 2013 таъсис дода шуда, тибқи қарори мазкур ба номгўи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудааст.

Дар сатҳи миллӣ таъсис додани Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ» ҳамчун воҳиди мустақили дорои сохтори дахлдор бо мақсади дарёфти саривақтии беморони сил, инчунин беморони сили шакли мутобиқгашта, ВНМО/БПНМ, вараҷа, зардпарвинҳо ва дигар бемориҳои сироятӣ, ки барои таъмин намудани табобати пурсамари беморон мусоидаткунанда мебошад пешбинӣ карда шудааст. Инчунин, таъсиси муассисаи мазкур дар ин самт баҳри ҷоннок намудани пойгоҳи моддию техникии озмоишгоҳҳои соҳаи зиддсилӣ ва дигар озмоишгоҳҳо ҳамзамон, ҳамоҳангсозии масъалаҳои алоқамандро таъмин намуда, барои ба кишвар ворид гардидани маблағҳои иловагии инвесторони абарқудрати дунявӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ҷолиби диққат аст, ки дар баробари оғози фаъолияти озмоишгоҳи мазкур зиёда аз 50 ҷойи кории нав ташкил мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки Вазорати тандурустӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ» ба анҷом расонид. Лозим ба ёдоварист, ки барои сохтмони озмоишгоҳи мазкур ба маблағи 13 млн. 765 ҳаз. 980 сомонӣ сарф шудааст. Инчунин, барои фаъолияти минбаъдаи озмоишгоҳи мазкур ба миқдори 1 млн. 371 ҳаз. 37 сомонӣ асбобу дастгоҳҳои муосири замонавӣ дастрас карда шудаанд. Қайд кардан зарур аст, ки чунин озмоишгоҳи замонавӣ ва пуриқтидор то ҳол дар давлатҳои Осиёи Миёна арзи вуҷуд надорад.

 Таъсисдиҳӣ ва маблағгузории минбаъдаи Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ» дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда  дигар манбаъҳои ба қонунгузориҳои амалкунанда мутобиқбуда амалӣ мегардад. Дар марҳилаи аввали корӣ гузаронидани ташхисҳои бемориҳои сил, ВНМО/БПНМ ва вараҷа барои ниёзмандон дар асоси хизматрасонии тиббии ройгон ба роҳ монда мешавад. Бо назардошти ниёзи ба миён меомада, баҳри гузаронидани таҳлилҳои вирусологӣ, микробиологӣ, паразитологӣ, санитарию биокимёвӣ хизматрасонии тиббӣ тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.

Пудратчии кулли иншооти мазкур ташкилоти сохтмонии давлати Фаронса «ITEE FLUIDES» мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки ин ташкилот ҳамчун муассисаи субпудратчӣ ҶДММ “Сангреза”-ро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон кироя кардааст.

Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ» дар бинои дуошёна, ки дар қитъаи замини масоҳати умумиаш ба 600 метри мурабаъ баробар мебошад, ҷойгир карда шудааст. Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонӣ ба 3756,6 м3 баробар мебошанд. Қайд кардан зарур аст, ки ошёнаи дуюм аз масоҳати 365,9 м2 иборат буда, ҳамчун ошёнаи техникии озмоишгоҳ ба ҳисоб меравад. Масоҳати қисми озмоишгоҳии муассисаи мазкур аз 490,2 м2 иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар муассисаи мазкур 10 октябри соли 2011 оғоз гардида, корҳои асосии сохтмонӣ 30 декабри соли 2012 анҷом ёфтаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 104
  • 288
  • 100,268