Ифтитоҳи шуъбаи гемодиализ дар беморхонаи шаҳри Хоруғ

Ифтитоҳи шуъбаи гемодиализ дар беморхонаи шаҳри Хоруғ
Сентябр 13
06:55 2017

Дар рӯзҳои таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иқдоми бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи шаҳри Хоруғ шуъбаи гемодиализ кушода шуд.

Ба иттилои дастрас шуъба бо дастгоҳи гемодиализатор таъмин карда шудааст, ки вазифаи асосии он тоза кардани хуни беморони мубтало ба дарди шадиди гурда мебошад.

Зимни  ифтитоҳи шуъбаи гемодиализ раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз пешрафти соҳаи тандурустӣ дар даврони 26 соли истиқлолият ёдовар шуда, баён дошт, ки дар ин муҳлати кӯтоҳ дар вилоят 38 лоиҳаи хурду бузург маблағгузорӣ гардиданд. Ҳоло сохтмони бинои беморхонаи рӯҳӣ ва диспансери наркологӣ дар ноҳияи Роштқалъа, беморхонаи чорошёна дар ноҳияи Шуғнон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва дар назар аст, ки то охири ҳамин сол ин биноҳо мавриди истифода қарор гиранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 27
  • 248
  • 339,070