Иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи 6-уми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ

Иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи 6-уми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ
Декабр 12
11:57 2017

Дар доираи баргузории   Конференсияи 6-уми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки таи рӯзҳои 5-7 декабри соли равон дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сурат гирифт, мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, бо вазирони соҳаи тандурустии як зумра кишварҳои иштирокчӣ, соҳибкорони соҳаи  тибби Арабистони Саудӣ ба анҷом расид.

Бояд қайд намуд, ки Созмони ҳамкории исломӣ баъд аз Созмони Милали Муттаҳид дуюмин ташкилоти бонуфузи байнидавлатии сайёра маҳсуб ёфта, 57 давлати мусулмононро муттаҳид месозад. Афзалиятҳои калидии ташкилоти мазкур сулҳ ва бехатарӣ, мубориза бо камбизоатӣ, маҳви терроризм, сармоягузории лоиҳаҳо, бехатарии ғизо, илм ва технология, тағйиротҳои иқлимӣ,  рушди устувор, ҳаракатҳои ҳамбастаи исломӣ дар самти башардӯстӣ ва ҳуқуқҳои  инсон мебошанд.

5 декабри соли равон ҳайати Тоҷикистон дар ин ҷаласаи  сатҳи баланд иштирок намуда, ҳамзамон намоишгоҳи тиббии Тоҷикистонро, ки иборат аз дорую давоҳо, гулу гиёҳҳо, равғанҳо ва дигар неъматҳои шифобахши кишварамон ва аксу наворҳо муаррифгари Ватани зебои мо буд, омода ва барои   иштирокдорони ҳамоиш пешниҳод намуданд.

Инчунин 5 декабри соли ҷорӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар Палатаи савдо ва саноати шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби ин мамлакат мулоқоти судбахш анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ ба ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ҷумла, доир ба сохтмони як корхонаи муштараки дорусозӣ, таъсиси як марказ ва ё факултаи байналмилалии тиббии забони таълимаш англисӣ бо сармоягузории хусусии Саудӣ, осоишгоҳҳои муштарак, ҷалби табибони тоҷик ба ин мамлакат барои кори доимӣ, бароҳ мондани амалиётҳои хайриявии ҷарроҳӣ барои беморони эҳтиёҷманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмакҳои гуногуни башардӯстона мубодилаи судманд сурат гирифта, мувофиқаи тарафайн ҳосил шуд. Инчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои рушди туризм дар Тоҷикистон саҳми бевоситаи худро гузоранд.

Бояд қайд намуд, ки ба таҷрибаи пешқадами табибони тоҷик доир ба анҷом додани амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ, аз ҷумла дар самти амалиётҳои ҷарроҳии пайвандсозии гурдаю ҷигар ва дигар узвҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.Таъкид гардид, ки ду ҷониб барои бартарафсозии мушкилии забонӣ ва ҷалби мутахассисони баландпояи соҳаи тибби Тоҷикистон тадбирҳои муштараки амалӣ хоҳанд андешид.

Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ дар баробари вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ инчунин сардори Хадамоти назорати давлатии фармасевтӣ Султонмурод Бекмуродзода ва Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода намояндагӣ карданд. Ҳайати Тоҷикистон барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами табибони Саудӣ, аз як бемористони муосири шаҳри Ҷидда дидан намуданд.

6-7 декабри соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Конференсияи 6-уми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки фарогири масъалаҳои мубрами тандурустии давлатҳои аъзои ин ташкилоти бонуфузи сатҳи байналмилалӣ буд, фаъолона иштирок намуданд.

Бо мусоидати сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 4 мулоқоти басо муҳими дуҷонибаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони воломақом ташкил карда шуд.

Аз ҷумла, бо вазири сиҳатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фузон Аррабиъа, вазири сиҳатии Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Абдурраҳмон ибни Муҳаммад Алъувайс, муовини вазири сиҳатии Давлати Кувайт Валид Холид Алфаллоҳ ва муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Алексей Тсой вохӯрию сӯҳбатҳо доир гардиданд.

Дар вохӯрӣ бо вазири сиҳатии Саудӣ асосан мавзӯи маблағгузории сохтмони бинои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули табибону таҷрибаҳои пешқадам ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки масъалаи маблағгузории сохтмони бинои Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии Девони Подшоҳӣ қарор дорад ва умед аст, ки ба мувофиқа мерасад. Ҳамзамон, тасмим гирифта шуд, ки дар оянда дар самти анҷом додани амалиётҳои ҷарроҳӣ дар дил, чашм, асаб ҳамкорӣ байни муассисаҳои соҳавии ду кишвар ба роҳ монда шуда, ҷиҳати дар пойгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташкил кардани даврҳои омӯзишии забони англисӣ барои мутахассисони кишвари мо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

Дар вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми соҳаи тандурустии давлатҳои Қувайту Амороти Муттаҳидаи Араб низ доир ба ҳамкориҳои судманд ва кӯмаку дастгирии соҳаи тандурустии Тоҷикистон, ба таври хайрия пешниҳод намудани кӯмакҳои техникӣ ва касбӣ, аз ҷумла дар самти таъмини маводи доруворӣ барои кимиёдармонӣ ҳангоми бемории саратон, сил, вируси норасоии масунияти одам, диабети қанд, гепатитҳои вирусӣ, таъмини аҳолӣ бо ваксина, ҳамзамон, дар самти гузарондани амалиётҳои ҷарроҳии гаронарзиш мувофиқаҳои муҳим ҳосил шуд. Ҳамчунин, изҳори назар гардид, ки ҷиҳати пиёда гардонидани мувофиқаҳои ҳосилгардида, дар ояндаи наздик, тибқи муқаррароти мавҷуда, мукотиботи байнидавлатӣ оғоз карда шаванд. Дар баробари ин, тасмим гирифта шуд, ки ба масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоӣ низ афзалият дода шуда, ба муассисаҳои соҳавӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо ва муассисаҳои будубоши шахсони имконияти маҳдуддошта, ҳамзамон ҷиҳати дастгирии унвонии маъюбон, нафарони яккаву танҳо, шахсони бесаробонмонда кӯмакҳои хайриявӣ дар назар дошта мешаванд.

Ҳангоми мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, таъкид гардид, ки дар самти табодули маълумотҳои тиббию соҳавӣ, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои амнияти санитарию эпидемиологӣ, хусусан дар мавриди пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ байни сохторҳои дахлдори вазоратҳо фаъолият пурзӯр карда шавад.

Мавриди  зикр аст, ки ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи як тасмими хайрияи муштараки Саудию Аморотӣ тавассути мусоидати Фонди хайриявии «Лона», дар марҳилаи якум ба 60 нафар ва дар марҳилаи дуюм ба 23 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои кишварамон, амалиёти ҷарроҳии бартарафнамоии нуқсонҳои модарзодии дил бо муваффақият анҷом дода шуда, идомаи иқдоми мазкур дар моҳи январи соли 2018 дар назар дошта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 407
  • 1,000
  • 246,810