Иқдоми «Дасти мадад» барои кумак ба беморони сил дар Тоҷикистон

Апрел 10
10:27 2017

Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷҷикистон Маркази хизматрасонии автомобилӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, ки маблағи даромади он барои кумак ба шахсони гирифтори бемории сил дар Тоҷикистон сарф карда мешавад. Ин иқдом аз тарафи Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» ва иштироки хайрхоҳонаи ҶДММ «Дасти мадад» пеш гирифта шуда, дар доираи лоиҳаи «Муттаҳидӣ баҳри боздошти сил» ва барномаи «Имкон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ барои бартараф кардани мушкилоти даври 7», ки Ҳамкории боздошти сил/ Stop TB Partnership (Женева) онро дастгирӣ менамояд, амалӣ карда шудааст. Саъдулло Саидалиев, намояндаи Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил зикр намуд, ки иқдоми пешгирифтаи имрӯза амали хайр мебошад.

«Бемории сил бемории иҷтимоиву тиббӣ буда, моро лозим меояд, ки дар ҳамбастагӣ бар зидди ин беморӣ мубориза барем. Бо ин мақсад диққати тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ ба ин самт равона шудааст», -иброз дошт Саъдулло Саидалиев. Ба гуфтаи номбурда, маблағе, ки дар фонди мадади беморон ҷамъ мегардад, барои хариди доруҳои иловагии зидди сил сарф карда мешавад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 222
  • 314
  • 180,290