ИҚДОМИ НЕК: Соҳибкорон маводи мӯҳлати истеъмол гузаштаро ба сарраёсат супориданд

Июн 19
15:47 2019

Аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 6 688кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ороишию гигиенӣ ба тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Тавре Сардори шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Одина Шарифзода хабар дод,  рӯзи 17 июни соли равон 6 ҳазору 688 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ороишию гигиение, ки муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат  қарор доштанд, ба тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷамъи маводи сӯзонида шуда беш аз 70%-ашонро ширкатҳои фармасевтии дар минтақа фаъолияткунанда дар асоси мактуб барои несту нобуд кардан ба сарраёсат супоридаанд. Боқимондаи мавод дар рафти санҷишҳои мутахасисиони сарраёсат аз дорухонаҳо, нуқтаҳои доруфурӯшӣ ва муассисаҳои тандурустӣ аз муомилот  гирифта ва сӯзонида шудаанд.

Бино ба гуфтаи Одина Шарифзода, Сардори шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар қиёс ба солҳои қаблӣ сатҳи масъулиятшиносии соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ баланд шуда истодааст.

“Онҳо худ кушиш мекунанд то, ки маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаро саривақт аз муъомилот гирифта, барои несту нобуд намудан ба сарраёсат супоранд”,-афзуд ӯ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 118
  • 392
  • 244,936