Иқдоми соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов қобили таҳсин аст

Иқдоми соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов қобили таҳсин аст
Сентябр 14
08:07 2019

 

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор   дар шаҳру ноҳияҳои  мамлакат  дар арсаи созандагию ободкорӣ  саҳми  арзанда  мегузоранд.

Ҳар боре, ки  Асосгузори   сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои  миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари корӣ менамоянд,  дар мулоқот бо мардум  таъкид мекунанд, ки «Ватанро дар сухан не, балки  сидқан, аз самими қалб  дӯст дорему дар ободии  он саҳм гузорем». Дар ин робита,   мисраи машҳури  шоири ватансаро Ҳабиб Юсуфӣ ба хотир меояд, ки бояд шиори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гардад: «Ман Ватанро беш аз ҳар вақта дорам дӯсттар».

Воқеан ҳам, мо бояд бо  анҷоми корҳои  наҷиб  дар  амал собит созем, ки  Тоҷикистон –Ватани аҷдодии худро   воқеан ҳам дӯст медорем ва  дар шукуфоии он  саҳм мегузорем.

Хушбахтона, бо дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат рӯз то рӯз сафи соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор, ки  саховатмандӣ  пеша карда, даст ба  корҳои  созандагию ободкорӣ мезананд, меафзояд.

Соҳибкори муваффақ, сокини деҳаи Поҷеи Поёни ноҳияи Рашт  Муҳиб Бобоҷонов яке аз онҳоест, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуд.

Муҳиб Бобоҷонов бо кумаки  фарзандонаш, ки дар Федератсияи Россия ба тиҷорат машғуланд,   на танҳо дар деҳаи Поҷеи Поён, балки дар корҳои ободониву созандагии  дигар деҳаҳои ноҳия  низ саҳм гузоштааст. Мумфарш намудани 12 километр роҳи деҳаи Поҷеи Поён ва дохили он ба маблағи 1 миллиону 520 ҳазор сомонӣ, кашидани хати баландшиддати барқ ба масофаи 3,5 километр бо шинонидани 2 трансформатори нав ба маблағи 171 ҳазор сомонӣ, кандани чоҳи амудӣ ба маблағи 323 ҳазор сомонӣ, бунёди канал дар масофаи 3 километр ва сохтмони муҳофизатии сарбанди он дар ҳаҷми 95 ҳазор сомонӣ, сохтмони пули пиёдагузари дарозиаш 7 метр ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ва пули мошингузари деҳаи Камароби калон бо дарозии 14 метр ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ  намунае аз ин амалҳои хайри ӯ мебошанд.

Кашидани хати оби нӯшокӣ тавассути қубури қутраш 50- миллиметра ба масофаи 10 километр ба маблағи 333 ҳазор сомонӣ, таъмири пули мошингузари байни деҳаҳои Шуле ва Кишинбоғ бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии муассисаи таълимии деҳаи Рувоз ва бунёди 2 синфхонаи иловагӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ, таъмиру сангфарш намудани роҳҳои байни деҳоти «Оби Меҳнат» ба маб­лағи 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ, бунёди дарвоза дар сарҳади ноҳия ба маб­лағи 950 ҳазор сомонӣ, мумфарш намудани роҳи байналмилалӣ дар ноҳияи Нуробод бо харҷи беш аз 3,5 миллион сомонӣ ва роҳи байни шаҳракҳои Ғарм — Навобод бо харҷи 2 миллиону 375 ҳазор сомонӣ, инчунин мумфарш намудани роҳҳои дохилии шаҳраки Навобод аз ҷумлаи ободкориҳои дигаре  мебошанд, ки Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш дар якуним сол ба анҷом расондаанд.

Ба ғайр аз ин,  Муҳиб Бобоҷонов ҳамроҳи фарзандонаш ҳар сол ба садҳо оилаи бекасу маъюб ва камбизоат ёрии пуливу молӣ мерасонад.

Бояд хотиррасон намуд, ки  ин соҳибкор  ҳамчунин болопӯши бинои хона-интернати шаҳри Ҳисорро ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ таъмир намуда,  600 ҷуфт пойафзол ва ҷӯроб барои беморони беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ, 30 ҷуфт болопӯш ба маблағи 7500 сомонӣ барои беморхонаи касалиҳои рӯҳии шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт харидорӣ намуда, хатнасури 180 нафар кӯдаки ятиму оилаҳои камбизоати маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанберо  гузаронида,   онҳоро бо сару либос таъмин намуда, ба хонандагони мактаб-интернат барои кӯдакони ятими шаҳраки Навобод низ 95 ҷуфт либоси гарм туҳфа намудааст.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 90
  • 715
  • 361,203