КАВОФИ КАЪБАИ ДИЛ КУН, АГАР ДИЛЕ ДОРӢ…бо кӯмаки соҳибкорони саховатпеша маъюбон соҳиби манзили истиқоматии замонавӣ гардиданд

КАВОФИ КАЪБАИ ДИЛ КУН, АГАР ДИЛЕ ДОРӢ…бо кӯмаки соҳибкорони саховатпеша маъюбон соҳиби манзили истиқоматии замонавӣ гардиданд
Декабр 12
07:54 2019

Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  пайравӣ ба ташаббусҳои хайрхоҳонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба анъанаи неки соҳибкорону шахсони саховатпеша табдил ёфтааст. Дар доираи ҳамин тадбирҳо дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара  бо ёрии як гурӯҳ нафарони  саховатпеша  ба оилаи марди  80 – сола бобои Раҳмон Юсуфалиев, ки дар оила 4 фарзанди маъюб дорад,  манзили истиқоматии замонавӣ бо ашёи зарурии рӯзгор  тақдим гардид.

Маъюбон аз хонаи фарсудаи садамавӣ  ба хонаи нав гузаштанд ва шодию нишоти онҳо дар ин рӯз ҳадду канор надошт. Акнун барояшон шароити беҳтари зиндагӣ фароҳам омад, ки аз баракати ғамхории Ҳукумати кишвар нисбат ба ин табақаи ниёзманд аст. Ҳамин аст, ки имрӯз мардуми имконияташон маҳдуд худро аз ҷамъият берун эҳсос накарда, осудаҳолона  зиндагӣ менамоянд.

– Аз сабаби тангдастӣ хонаи хоби онҳоро  солҳои зиёд ҳатто аз таъмири одӣ бароварда натавонистам ва то имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Сипоси бепоён ба Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша соҳибкорону шахсони хайрхоҳро ба дастгирии эҳтиёҷмандон, махсусан маъюбону ятимон, ҳидоят мекунанд. Ба шарофати ҳамин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва мадади якчанд ҷавонмард барои чор фарзанди маъюби ман манзили истиқоматии замонавӣ бо тамоми буду бошаш сохта шуд. Аз Худои мутаол таманно дорам, ки  Сарвари ғамхори давлати мо ҳамеша  соябони сари миллат бошанд, – гуфт бобои Раҳмон.

Бо манзили зист таъмин намудани як оилаи маъюб дар радифи ғамхориҳои дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ гувоҳи он аст, ки зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дили ҳазорҳо нафарони эҳтиёҷманд шоду масрур мегардад ва ҷойи ғаму андуҳро шодию фараҳ мегирад. Соҳибкорону нафарони саховатпеша аз ин амалҳои нек илҳом гирифта, ҳамчун ворисони гузаштагон, дар ободониву бунёдкорӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд рӯз аз рӯз саҳми бештар мегузоранд. Чунончи ҳазрати Пайғамбар алайҳиссалом фармудаанд, ҳар касе аз рӯи раҳмат ва меҳрубонӣ сари ятим ё  маъюбро сила кунад, Худованд бо адади ҳар мӯе, ки дасти ӯ болои он меравад, як некуӣ барои ин бандаи сахӣ навишта мегардонад ва ба адади ҳар мӯе як бадӣ аз гуноҳи ин бандаро нобуд мекунад ва ба адади ҳар мӯе дараҷаи ин бандаро боло мебардорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 2
  • 136
  • 343,212